ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 21, 2024 08:00

21 августи соли 1936  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

***

21 августи соли 2008 дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар варзиши тарзи озод медали  биринҷӣ ба даст овард.

***

21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

***

21 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардид.

***

21 августи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М» ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистон ва Ветнам «ТВ-Силк» коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ ба кор дароварда шуд.

***

21 августи соли 2021 дар Душанбе доир ба рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

***

21 августи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, бо фаълояти Маркази намоишиву озмоишии  «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.

21 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм.

Август 21, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, душанбе, 225-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, якшанбе, 224-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, шанбе, 223-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, ҷумъа, 222-юмин рӯзи соли 2024 аст