ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
25 августи соли 1924 дар Самарқанд аввалин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» нашр шуда буд.
***
25 августи соли 2006 дар Душанбе пас аз хотимаи Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон ва Русия: дурнамои ҳамкории минтақавӣ» 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
25 августи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ расман ба истифода дода шуд.
***
25 августи соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ сафар намуда, дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиии моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфт, иштирок намуданд.
***
25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе президенти Шурои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – «Пешвои асри 21»-ро тақдим кард.
***
25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иншооти муҳим — муҷассамаи Нишони давлатӣ бо баландии 45 метр пардабардорӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
***
25 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии серӯзаи «Бехатарии сейсмикии давлатҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардид.
***
25 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат ба Сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд.
***
25 августи соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони гуногункасб, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
***
25 августи соли 2023 дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.
25 АВГУСТ:
Дар Уругвай – Рӯзи истиқлолият
***
Дар Парагвай – Рӯзи Конститутсия
***
Дар Бразилия – Рӯзи афсарон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛУД ШУДААНД:
Мусаммир Гулаҳмадов, соли 1936 — сиёсатшинос, доктори илмҳои фалсафа (1995), профессор (1997), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001), Аълочии маорифи Тоҷикистон.