ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
27 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе пас аз натиҷаҳои гуфтушунид байни намояндагони Тоҷикистон ва Чин дар ҳайати васеъ 13 санад ба имзо расонида шуд.
***
27 августи соли 2010 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро шуниданд. Сарвари давлат оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш доданд, ки ҳарчи зудтар ба мардуми осебдида кумаки зарурӣ ва саривақтӣ расонида шавад.
***
27 августи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ гардид.
***
27 августи соли 2013 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.
***
27 августи соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуии масоили дуҷониба доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
***
27 августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо хати истеҳсолӣ ва имконияти он аз наздик шинос шуданд.
***
27 августи соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» оғоз гардид. Дар форум беш аз 300 нафар, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ аз Чин, Эрон, Узбекистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Туркия, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ иштирок намуданд.
***
27 августи соли 2023 дар назди Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ассотсиатсияи моҳипарварон таъсис дода шуд.
27 АВГУСТ:
Дар Русия – Рӯзи кино.
***
Дар Молдова – Рӯзи истиқлолият.