ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
28 августи соли 1992 байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибати дипломатӣ барқарор гардид.
***
28 августи соли 2008 байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Yunnan Phosphate Chemical Group Co., LTD» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид.
***
28 августи соли 2009 минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» таъсис дода шуданд.
***
28 августи соли 2012 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, яке аз қуллаҳои баланди бе номи қаторкӯҳи Помир, ки аз ҷониби 75 нафар кӯҳнавардон аз 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардидааст, «20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гузошта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки зимни фаъолият ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.
***
28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.
***
28 августи соли 2020 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони гуногункасб, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
***
28 августи соли 2022 дар ноҳияи Данғара Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» ифтитоҳ гардид.
***
28 августи соли 2023 ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва тағйирёбии иқлим зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Вазири рушди байналмилалии Канада Аҳмед Ҳуссен баррасӣ гардиданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Мансур Бобохонов — соли 1931, — муаррих, доктори илмҳои таърих (1976), профессор (1978), узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, узви пайвастаи Академияи байналмилалии илмии мактабҳои олӣ (1995), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.