ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст

Август 29, 2024 08:00

29 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баъди анҷоми мулоқоти расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бузурги истеҳсоли семент  ба истифода дода  шуд.

***

29 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои «Қазоқистон дар замони муосир» баргузор гардид.

***

29 августи соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

***

29 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд.

***

29 августи соли 2018 байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Бӯстон ва Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

***

29 августи соли 2019 дар Москва ҷаласаи Шурои коршиносони мақомоти гумруки мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

29 августи соли 2022 таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои иштироки фаъол ва эҷодкорона дар кори Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бо Диплом ва Сипосномаи Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия сарфароз гардонида шуданд.

***

29 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ баргузор гардид. Дар музокирот масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

29 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣ.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Маҳмадӣ Мирзоалиев, соли 1949 — ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Август 29, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст