ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд

Август 23, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои он аст. Тағйирёбии иқлим ҳоло ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 август зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иброз доштанд, «дарвоқеъ, ҳамаи минтақаҳои дунё бо шумули ҷаҳони Ҷануб имрӯз бинобар таъсири ногувори тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо, афзоиши аҳолӣ, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо дар марҳилаи душвор қарор доранд.

Маҳз аз ин рӯ, минтақаи фарохи Ҷануб барои муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ ниёз дорад.

Дар панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра гашта истодаем. Тибқи гузориши коршиносон, июли соли 2024 ҳамчун моҳи гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо сабт шуда, дар ин сол дар зимн нишондиҳандаи баландтарин ба қайд гирифта шуданд.

Ин раванд далели он аст, ки эҳтимол чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад.

Давлати мо ҳамасола ба обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.

Бо назардошти ин Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030 татбиқ менамояд».

Ҳадафи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

2 октябри соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030-ро тасдиқ намуд, ки ҳадафҳои дарозмуддатро барои баланд бардоштани иқтидори мутобиқшавии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ин ҳуҷҷати стратегӣ ба таҳия ва татбиқи сиёсати тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии мамлакат ба он мусоидат мекунад. Ҳадафи он дастгирии рушди иқтисодии Тоҷикистон ва суръатбахшии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мебошад. Бахусус, бахшҳои энергетика, об ва кишоварзӣ самтҳои афзалиятнок муайян шудаанд.

Тоҷикистон бо таъсири тағйирёбии иқлим нисбат ба захираҳои обии пиряхҳо хеле осебпазир аст ва дар байни давлатҳои амалкунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ҳамчунин сабт шудааст.

Дар Тоҷикистон Механизми Маблағгузории Иқтисодиёти Сабз (GEFF), ки чанде қабл таъсис ёфтааст, амал менамояд. Он барои ноил шудан ба ҳадафҳои Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 нишон дода шудаанд, тавассути зиёд кардани сармоягузории бахши хусусӣ ба технологияҳои мутобиқ ба тағйирёбии иқлим ва сабуккунандаи оқибатҳои он мусоидат мекунад.

Механизми Маблағгузории Иқтисодиёти Сабз (GEFF) дар татбиқи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Тоҷикистон саҳм мегузорад. Аз ҷумла, механизм дар дастгирии Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нақши саривақтӣ мегузорад, соҳаҳои асосии афзалиятнок (энергетика, обтаъминкунӣ, кишоварзӣ), ки дар ҳуҷҷат муайян шудаанд, ба самтҳои асосии ин механизм мувофиқ ҳастанд ва фоидаҳои бахши хусусӣ ва рушди устувори иқтисодӣ ба даст оварда мешаванд.

Тамоюли дигари таҳдидовар — обшавии босуръати пиряхҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» ҳамчунин таъкид намуданд, ки «тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад. Давоми чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи мамлакати мо зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст.

Ин дар ҳолест, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосӣ ва то шаст фоиз ташаккул ёфтани захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.

Маҳз ба ҳамин хотир ташаббуси Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамзамон бо ин, дар асоси ин қатънома Тоҷикистон соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад.

Гармои шадид дар саросари ҷаҳон ва эҳтимоли баландшавии ҳарорат

Воқеан, тавре ки Президенти Тоҷикистон дар ин суханронӣ таъкид намуданд, «раванди тағйирёбии иқлим имрӯз нишони он аст, ки эҳтимол дар чанд соли оянда вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ гардем».

Тобистони имсол дар саросари ҷаҳон садҳо миллион нафар ба гармои шадид дучор шуданд. Моҳи июли соли 2024 давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо метавонад моҳи аз ҳама гармтарин бошад, иттилоъ медиҳад Созмони ҷаҳонии метеорологӣ бо истинод ба маълумоти Раёсати миллии таҳқиқоти уқёнусӣ ва фазоии ИМА.

Илова бар ин, моҳи гузашта гармтарин моҳи июл дар таърих буд. Ҳарорати миёна нисбат ба моҳи июли соли 2023 0,03 дараҷа баланд шуд.Гармои тӯлонӣ ва шадид бори дигар зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба пайомадҳои он таъкид мекунад. «Давоми як соли охир мавҷҳои гармои васеъ паҳншуда, шадид ва дарозмуддат ба ҳама қитъаҳо таъсир расониданд. Дар даҳ кишвар қариб дар як макон ҳамарӯза ҳарорати беш аз 50 дараҷа сабт гардид. Ҳаво аз ҳад зиёд гарм мешавад ва онро идора кардан душвор мегардад”,- гуфт Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ Селесте Сауло.“Дар Водии марг дар Калифорния ҳарорати миёнаи ҳармоҳаи рекордӣ- 42,5 дараҷа сабт шудааст. Шояд ин рекорди нави ҷаҳонӣ бошад. Ҳатто яхбандиҳои дурдасти Антарктида низ таҳти таъсири гармӣ мондаанд”,-гуфт Селесте Сауло.

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) саъй дорад, ки ба даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба амал, аз ҷумла тавассути такмил додани системаҳои огоҳкунии бармаҳал аз мавҷҳои гармӣ эътино намояд. Гузориши охирине, ки Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод намудаанд, нишон медиҳад, ки чунин тадбирҳо метавонанд дар як сол ҳаёти қариб 98 000 нафарро наҷот диҳанд.

«Танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест. Мо бояд сабаби аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем”,- гуфт Сауло.

Аврупо

Моҳи июл дар бисёре аз минтақаҳои баҳри Миёназамин ва Балкан мавҷҳои гарми дарозмуддат мушоҳида шуданд, ки сабаби марги одамон гардида, дар маҷмуъ ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расониданд. Дар таҳқиқоте, ки аз ҷониби олимони World Weather Attribution гузаронида шуд, гуфта мешавад, ки мавҷҳои гармӣ дар Баҳри Миёназамин — Юнон, Италия, Испания, Португалия, Фаронса ва Марокаш — бе тағйирёбии иқлим, ки аз фаъолияти инсон вобаста аст, ба вуҷуд наомадаанд. Якчанд давлатҳо, аз ҷумла Юнон, Маҷористон, Словения, Хорватия ва Булғористон аз гармтарин моҳи июл дар тамоми давраи мушоҳидаҳояшон хабар доданд.

Аз чор моҳи гармтарини июл дар 80 соли охир дар Юнон се моҳи он давоми чор соли охир сабт шуд. Расадхонаи Фабра дар Барселона (Испания) рекорди нави ҳарорати баланд- 40 дараҷаро сабт намуд.

Дар Фаронса моҳи июл он қадар гарм набуд, вале дар охири моҳ мавҷи аввалини гармо дар ин сол мушоҳида шуд, ки ба ҳолати варзишгарон ва тамошобинони Бозиҳои олимпии Париж таъсир расонид.

Амрикои Шимолӣ

1 август дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қариб 165 миллион нафар- нисфи аҳолии мамлакат дар бораи гармӣ огоҳӣ гирифт. Мувофиқи маълумоти Раёсати миллии таҳқиқоти уқёнусӣ ва фазоии ИМА, давоми 30 рӯз зиёда аз 80 рекорди ҳарорат гузошта шуд. 1 август Лас Вегас 43 рӯз пай дар пай бо ҳарорати баланди 40,5 дараҷа ва бештар аз он рекорди нав гузошт (рекорди қаблӣ соли 2017 25 рӯз буд). 2 август дар ИМА 94 сӯхтори калони ҷангал ба амал омад.

Аз аввали сол 1 миллиону 816 ҳазору 645 гектар ҷангал ба коми оташ рафт, ки аз нишондиҳандаи миёнаи майдони сӯхташуда дар давраи аз соли 2014 то соли 2023 хеле зиёд аст. То 3 август дар Канада 829 сӯхтор рух дод, ки беш аз 250 адади он аз назорат берун баромад.

Мувофиқи маълумоти Маркази байниидоравии сӯхторҳои ҷангал, махсусан Канада, Колумбия ва Алберто сахт зарар дидаанд. Дар Колумбияи Британӣ соли 2024 беш аз 800 000 гектар ҷангал сӯхтааст, ки аз нишондиҳандаи миёна дар 20 сол қариб ду баробар зиёд аст.

Таъсири гармӣ ба кӯдакон

Тибқи таҳлили нави Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), қариб ним миллиард кӯдакон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо рӯзҳои гармии шадид нисбат ба 60 соли пеш ду маротиба зиёдтар мебошанд. Рӯзҳои хеле гарм рӯзҳое мебошанд, ки ҳарорат 35 дараҷа ва бештар аз он аст. Бисёр кӯдаконе, ки дар чунин иқлими сахт қарор доранд, ба зерсохтор ё хизматрасоние, ки ба онҳо барои ба осонӣ гузаронидани ин гармиҳо кумак расонанд, дастрасӣ надоранд.“Гармои шадид шиддат мегирад, ки он ба саломатӣ, некӯаҳволӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад”,-гуфт директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел.

Ба маълумоти ин бунёд, кӯдакон дар Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ назар ба дигарон гармии шадидро бештар эҳсос мекунанд. Ҳоло 123 миллион кӯдак ба ҳисоби миёна зиёда аз сеяки сол дар ҳарорати аз 35 дараҷа боло зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тавр, шумораи рӯзҳои ниҳоят гарм дар Мали ба 212 рӯз, дар Нигер — 202 рӯз, дар Сенегал — 198 рӯз ва дар Судон ба 195 рӯз мерасад.

Дар Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб қариб 48 миллион кӯдакон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо рӯзҳои хеле гарм назар ба 60 сол пеш ду маротиба бештар мушоҳида мешаванд. Дар ИМА 36 миллион кӯдак нисбат ба 60 соли пеш ду баробар бештар бо мавҷҳои гармӣ дучор мешаванд.

Таъсири гармои шадид ба саломатӣ

Таъсири гармои шадид ба саломатӣ ва некӯаҳволии ҳамаи одамон, аз ҷумла кӯдакон ва занони ҳомила хатари махсус дорад, бахусус агар роҳи хунуккунии бадан вуҷуд надошта бошад. Он метавонад давраи ҳомиладориро вазнин намуда, сабаби гирифторӣ ба бемориҳои музмини ҳомиладорӣ ва оқибатҳои номатлуби таваллуд, аз ҷумла таваллуди мурда, вазни ками таваллуд ва таваллуди пеш аз муҳлат гардад. Мизони аз ҳад зиёди фишори гармӣ низ боиси камғизоӣ ва бемориҳои ғайрисироятӣ байни кӯдакон шуда, онҳоро нисбат ба бемориҳои сироятӣ, ки дар ҳарорати баланд паҳн мешаванд, ба мисли вараҷа ва табларзаи хунӣ осебпазир менамояд.

Ҷонибдорӣ ва тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон

Аз ин рӯ имрӯз мо, мардуми Тоҷикистон ва тамоми давлатҳои ҷаҳонро зарур аст, ки иқдом ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим ҳамаҷониба ҷонибдорӣ ва тарғиб намоем.

Дастгирӣ ва қабули ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути даҳ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии мамлакати мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин қатъномаҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, ки аз ҷумла дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ гардидаанд, заминаи сазовор гузоштанд.

Аз ин хотир, мавзуи захираҳои об, истифодаи оқилонаю устувори он, пешгирии тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон муайян гардидааст.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Август 23, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
Дар Нуробод 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо кам гардидааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Забони тоҷикӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати миллат ба шумор меравад
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Дар «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
«Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Дар Тоҷикистон нафарони аз 100- сола боло 230 нафарро ташкил медиҳанд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030. Дар он се ҳадафи миллии эълоншуда чун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд
НОБИҒАЕ ДАР ОЛАМИ МАЪРИФАТ. Ҷалолиддини Балхӣ шуҳрати фарҳангу адаби тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолиддини Балхӣ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъораш саршор аз забони тоҷикӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли себ ба одамони камхун фоида дорад