33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти ин мақомот хабар доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ давоми 33 сол ёдовар шуда, гуфт, ки «имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мардуми тоҷик дар ҷодаи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ барои ободиву осоиштагии ин сарзамин қадам мезанад».
Фарорасии чунин солгард ҳам аз назари эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳам аз диди сарнавишту арзишҳои миллӣ ва ҳам аз нигоҳи раванди таърихии давлатсозӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи давлатдории муосири миллии мо мебошад. Ин санаи барҷаста имкон медиҳад, ки дар канори ибрози эҳсоси олӣ ҳамчунин ба роҳи тайшуда назар андохта, бурду бохт ва дастовардҳои ин марҳилаи муҳими таърихи давлатдориамонро ҷамъбаст ва арзёбӣ намоем.
Расидан ба истиқлолияти давлатӣ аз дастовардҳои бузург ва арзанда ба ҳисоб рафта, бузургтарин неъмати миллати тоҷик дар тамоми давраҳо мебошад.
Тоҷикистон танҳо тавассути Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки қарнҳои дароз орзуву омоли миллат маҳсуб мешуданд. Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Бахшида ба ин иди пуршукуҳи давлатӣ як зумра кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






