Ҳангоми аввалин маротиба ба мактаб рафтан кӯдак бо кадом мушкилӣ дучор мегардад? Тавсияи равоншинос дар ин хусус

Сентябрь 1, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Вақте кӯдак аввалин маротиба  ба мактаб меояд, мушкилоти асосӣ- ин муҳити нав мебошад. Зеро  кӯдак пештар фақат бо оилаи худ дар муошират буд, ҳоло ӯ бояд бо одамони зиёд муносибат намояд. Дар ин вақт кори асосии омӯзгор ӯро бо муҳити нав шинос намудан аст. Ба кӯдак дар баробари савод,  бояд тарзи дар ҷамъият сухан гуфтан, одоби нишасту хез, баробарӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати дӯстона бо ҳамсабақон ва тавоноиву таҳаммулпазириро  бояд омӯзонид. Чунин тавсия медиҳанд равоншиносон.

Ба гуфти равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қабалн дар хона фаъолияти асосии онҳо бозӣ буд, ҳоло  кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад.

Шумо медонед, ки фарзандатон дар мактаб чӣ мушкилӣ дорад?

Бештари волидайн барои фарзанд шароит муҳайё мекунанд, яъне либосҳои мактабӣ, лавозимоти хониш ва дигар ашёи таълимиро, ки фарзандаш хоҳиш мекунад, мехаранд. Вақте ки фарзандашон ба синфи якум меравад, бархе волидон дар ҷараёни таълим боре аз кӯдак пурсон намегарданд, ки чӣ мушкилӣ дорад. Зеро бештари талабагони синфи якум дар оила муносибати дигар ва дар мактаб-дар  байни ҳамсинфон муносибати дигар доранд. Аксари онҳо дар ҷамъи бисёрӣ ҳарос доранд, махсусан аз сухан гуфтан, дар назди тахтаи синф аз қироати шеъру иҷрои супориши муаллима меҳаросанд.

Ба гуфти равоншиносон, чунин омилҳо бархе кӯдакони синфи якумро аз мактаб дилгир ва шавқи хонданашонро кам мекунанд: дар вақти дарс бетоқат мешаванд, бо ҳамсабақон муоширати хуб надоранд, дарсро намефаҳманд, аммо хомӯш мемонанд ва аз навиштани дуру дароз хаста мешаванд.

Бо фарзандатон бештар вақт гузаронед!

Агар хоҳед, ки фарзандатон ба мактаб тезтар одат намояд ва ба дарсҳо шавқманд гардад, бо ӯ бештар вақт гузаронед. Ҳар рӯз аз ҷараёни дарси гузаштааш пурсон шавед, агар чизеро хато навишт ё хато талаффуз намуд, сарзаниш накунед, баръакси онро иҷро кунед. Аз давраи мактабхонии худатон нақл кунед. Бештар ба фарзандатон амали дарсҳоро фарҳмонед. Ҳамеша ӯро таъриф кунед, калимаҳои офарин, аҳсан  ва «ту беҳтаринӣ»-ро бештар истифода баред.

Омӯзгор бо кӯдак бояд чӣ гуна муносибат намояд?

Омӯзгори пуртаҷриба дар роҳи ҳалли ин гуна мушкилиҳо дар намемонад. Аввал кӯдаконро бо ҳамдигар шинос мекунад, тарзи муносибат бо ҳамдигар ва андеша карданро меомӯзад.  Шарти асосии ташаккули тафаккури хонандагон пайдарпайии ҳамаи қисматҳои инкишофи тафаккур (мақсаднокӣ, пурмазмунӣ, асоснокӣ, назоратӣ-ислоҳӣ ) мебошад, ки байни ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Дониш асоси инкишофи фикр аст, чӣ қадар ки усулҳои ҳосил кардани донишҳо мукаммал бошанд, ҳамон қадар боарзиш ҳастанд, чӣ қадаре, ки омӯзиш аз рӯйи шавқу ҳавас ва мароқ бошад, раванди инкишофи фикр ва тарбияи сифатҳои мусбати шахсияти хонандагонро ҳамон қадар фаъолтар мегардонад.

Кӯдакон аз якдигар фарқ мекунанд, омӯзгор чӣ бояд кунад?

Ҳар як хонанда аз дигараш бо ҳар гуна  хусусияти психологӣ ва фардӣ фарқ мекунад. Қобилияти маърифатию шавқу ҳавас ва майлу хоҳиши кӯдак рангоранг аст, ба кӯдак хислатҳои шахсӣ, қобилият, истеъдод, ҳиссиёту ирода, шавқу завқ ва маърифатнокии ӯ хос аст.
Омӯзгоре, ки солҳои зиёд дар синфҳои ибтидоӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул аст, албатта, бо усулҳои гуногуни корбарӣ, тарзи муошират ва таъсиррасонӣ ба хулқу атвори хонандагон шинос аст ва дар ин бобат таҷрибаи муайян пайдо кардааст. Истифодаи усулҳои гуногуни таълим барои ба даст овардани натиҷаҳои хуби фаҳмишу идроки хонандагон, инкишофи сатҳи дониш, муайян кардани қобилияти маърифатӣ: эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, нутқ, инчунин сабабҳои сустхонӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо ёрии назарӣ ва амалӣ мерасонад.

Ҳар як дарс ба кӯдакон таъсири мусбат ва таассуроти тоза мерасонад. Дарси бенатиҷа вуҷуд надорад. Ҳар дарсро омӯзгор бояд натиҷагирӣ намояд. Муайян намояд, ки то кадом дараҷа мавзуъ аз худ карда шуд ва чӣ натиҷа дод. Яъне омӯзгор вазифадор аст, ки ҳар рӯз дарсҳои гузаштаро ба хонандагон такрору хотиррасон намояд.

Ба воситаи дарс омӯзгор имконият пайдо мекунад, ки ҳам ба ақл ва ҳам ба тафаккури хонанда таъсир расонад, қувваю қобилияти ҷисмонию маънавии ӯро инкишоф диҳад, ба хонанда маҳорату малакаҳои мустақилона аз худ кардани дониш ва истифода бурдани онро ёд диҳад, ба инкишофи ҳаматарафаи ӯ таҳкурсии мустаҳкам ва қавӣ гузорад. Дар мактаб мақоми бузург ва нақши марказиро устод- муаллим ишғол мекунад. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳз маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 1, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон сол то сол меафзояд
ЗАНОН ВА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Занону духтарон ҳуқуқ доранд касбу ҳунар ва самти фаъолиятро озодона интихоб намоянд
АРТИШ — СИПАРИ АМН, РАЗМ, ТАВОНУ ИҚТИДОР. Ҳадафи аслии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъмини амнияти халқу Ватан аст
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
ВАТАНРО ЧУН ФИРДАВСӢ БОЯД ДӮСТ ДОШТ! Эҳдо ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем