Ҳасани Саъдидӣ аз Эрон: «Шаҳри Душанбе гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ аст»

25 сентябр 2024, 17:30

ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон аст ва бо табиати зебою нотакрор, обҳои софу зулол, таъриху фарҳанги бостон ва мардуми  меҳмоннавозу некухисолаш беҳтарин макон барои сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ибрози андеша намуд Директори ширкати сайёҳии «Парипарвашнома»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Саъдидӣ дар Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконияти сайёҳии устувор», ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

«Аз кӯҳистони сарбафалаккашида то шаҳрҳои таърихияш — ҳар гӯшаи ин сарзамин достоне барои навиштан аст. Тоҷикистон ва Эрон решаҳои фарҳангӣ ва таърихии амиқ доранд, ки моро бо ҳам пайванд мекунанд», — гуфт ӯ.

Ба андешаи Ҳасани Саъдидӣ, шаҳри Душанбе — ин гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ буда, дар чанд соли охир бо роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.

Мавсуф бобати дар сатҳи баланд баргузор гардидани аввалин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ба кори масъулони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) оғоз гардид, ки то 27 сентябр идома меёбад.

Ҳадафи асосии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

25 сентябр 2024, 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 30 микроавтобуси барқӣ — «е-Мусича» ба хизматрасонии мусофирон оғоз карданд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони гуногункасби пойтахт баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд