Ҳасани Саъдидӣ аз Эрон: «Шаҳри Душанбе гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ аст»
ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон аст ва бо табиати зебою нотакрор, обҳои софу зулол, таъриху фарҳанги бостон ва мардуми меҳмоннавозу некухисолаш беҳтарин макон барои сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ибрози андеша намуд Директори ширкати сайёҳии «Парипарвашнома»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Саъдидӣ дар Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконияти сайёҳии устувор», ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Аз кӯҳистони сарбафалаккашида то шаҳрҳои таърихияш — ҳар гӯшаи ин сарзамин достоне барои навиштан аст. Тоҷикистон ва Эрон решаҳои фарҳангӣ ва таърихии амиқ доранд, ки моро бо ҳам пайванд мекунанд», — гуфт ӯ.
Ба андешаи Ҳасани Саъдидӣ, шаҳри Душанбе — ин гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ буда, дар чанд соли охир бо роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.
Мавсуф бобати дар сатҳи баланд баргузор гардидани аввалин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ба кори масъулони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) оғоз гардид, ки то 27 сентябр идома меёбад.
Ҳадафи асосии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






