Ба китобхонаи вилоятии Хатлон 1000 китоб тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба китобхонаи вилоятии Хатлон беш аз 1000 китоби бадеию илмӣ ва таълимӣ тақдим менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ин иқдом дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки ин китобҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия, ошноӣ пайдо намудан бо осори олимону муҳаққиқон ва коршиносони Русия дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Маросими тақдими китобҳо дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






