Барои таъсиси Маркази миллии таълимии гузаштани зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 7, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ  байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   “Дар бораи таъсиси Маркази миллии таълимӣ барои гузаштани зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ”  дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон      хабар доданд.

Ин ёддошт дар доираи ташаббуси Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) «Шуълаи умед» омода гардидааст, ки ҳадафи он баланд бардоштани имконият ва захираҳои мамлакат барои  мубориза бар зидди бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар вохӯрӣ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва муовини якуми директори ин Агентӣ   Матин Ахмедов ҳамкории дуҷониба байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазоратӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

Ёддошти ҳамкорӣ якчанд самти ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла ҳамкорӣ вобаста ба таъсис ва сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ, таъмини марказ бо технологияҳо ва захираҳои муосир, муайян кардан ва омодасозии кадрҳои босалоҳияти дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва идоракунии барномаҳои муштараки таълимӣ. Ҳарду ҷониб изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардида, ба рушди технологияҳои инноватсионӣ, инчунин  баланд бардоштани малакаи касбии табибон дар соҳаи саратоншиносӣ мусоидат мекунад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд