Чаро дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод заминҳои хоҷагии ёрирасон самаранок истифода намешаванд?

Сентябрь 17, 2024 15:15

ФАЙЗОБОД, 17.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи самаранок ва оқилонаи обу замин вазифаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Чунки мақсаднок кишт намудани заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони назди корхонаю муассисаҳо ва ҳосили фаровон рӯёнидан аз он амнияти озуқавории ҷумҳуриро таъмин намуда, дастурхони ҳар хонаводаро пурнозу неъмат мегардонад. Сокинони мамлакат дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода намудани замин, гирифтани ду-се ҳосил аз он ва захира намудани маҳсулот барои ду сол иҷро намуда, барои хонаводаашон шароити мусоиди зиндагӣ муҳайё менамоянд.

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод» дорои заминҳои бисёри хоҷагии ёрирасон ва чорвои майда мебошад, ки дар ҳолати самаранок истифода намудани он метавонад дигар литсейҳои касбии техникии ҷумҳуриро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшти хушсифат таъмин намояд. Мутаассифона, роҳбарияти ин муассиса бо масоҳати зиёди замин ва чорвои майдаи зиёд наметавонад дар муассиса картошка, гӯшти хушсифат ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намояд.

Муовини директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод Файзалӣ Исоев иброз дошт, ки «заминҳои хоҷагии ёрирасони муассиса 412 гектарро ташкил медиҳанд. Аз он 360 гектар замини чарогоҳ, 12 гектар замини корами обӣ ва 34 гектар замини корами лалмӣ мебошад. Соли 2024 дар як гектари ин заминҳо помидор, дар як гектар ҷав ва дар 30 садяк замин пиёз кишт шуд. Дар 9 гектар алафҳои бисёрсола ва дар 9 гектар боғ мавҷуд аст. Се гектар замини обӣ ва ду гектар замини корам аз мавзеи Тахтаҳо ба тариқи шартнома ба кормандони муассиса дода шудааст. То имрӯз 1500 кг помидор, 250 кг меваи хушк истеҳсол намудем ва пиёзу меваро ҳоло ҷамъоварӣ накардаем».

Файзалӣ Исоев дар мавриди кишти картошка гуфт, ки «муассиса имконияти хариди тухмии картошкаро надошт. Аз ҳамин хотир роҳбарияти шуъбаи кишоварзии ноҳия барои як гектар замин тухмии картошка ваъда дод, вале тухмӣ дастрас карда натавонист ва мо картошка кишт накардем».

Дар мавриди чорвои майдаи муассиса, захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ, бо хӯроки гарми хушсифат таъмин намудани хонандагони муассиса ва дигар масъалаҳои асосии хоҷагидорӣ Файзалӣ Исоев иброз намуд, ки «ман масъули ин вазифаҳо нестам, сармуҳосиб, мудири бахши ҳисоби чорвои майда ва сарошпаз дар ин маврид бояд маълумот диҳанд».

Заминҳои серҳосили муассиса дар минтақаи кӯҳистони Тахтаҳо, дар назди соҳили дарёи Элок ва дигар мавзеъҳо ҷойгир мебошанд. Дар ҳамсоягии заминҳои ин муассиса кишоварзон аз дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ садҳо тонна пиёзу картошка, булғорию карам, каду ва дигар маҳсулоти полезӣ истеҳсол менамоянд.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди муассиса чоҳи амудӣ бо чуқурии зиёда аз сад метр канда шуд. Директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод Аҳмадшоҳ Кенҷазода метавонист дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ин чоҳи амудӣ дар заминҳои муассиса ақаллан каду, боимҷон, қаламфури булғорӣ, карам ва дигар намуди зироат кишт менамуд. Аз ин маҳсулот имрӯзҳо хӯроки хонандагони муассиса болаззаттар мегардид. Ҳол он ки муассиса бо техникаҳои кишоварзии худӣ таъмин мебошад ва онҳо кори кишоварзиро хеле осон мегардонанд. Вале роҳбарияти муассиса нисбат ба ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир намудааст.

Дар соли хониши 2023-2024 дар муассиса ҳамагӣ 85 хонанда аз рӯйи шаш ихтисос таҳсил менамуд. Вале дар соли таҳсили 2024-2025 пас аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба муассиса 200 хонанда, ки 73 нафари он духтарон мебошанд, аз рӯйи шаш ихтисос аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун Норак ва Файзободу Нуробод қабул гардиданд. Дар айни замон 46 хонанда дар хобгоҳи муассиса зиндагӣ менамоянд. Масъулини муассиса мегӯянд, ки хонандагони хобгоҳ бо се вақт хӯроки гарм ва ҳамаи хонандагон бо як вақт хӯрок таъмин мебошанд. Тавре мо иттилоъ пайдо намудем, сифати хӯроки хонандагон паст буда, қисми зиёди хонандагон онро истеъмол намекунанд.

Ба саволи мо вобаста ба сифати хӯрокҳо масъулини муассиса гуфтанд, ки «ҳар маҳсулоте, ки роҳбарияти муассиса ворид мекунад, мо аз он хӯрок омода ва ба хонандагон пешниҳод менамоем».

Дар ҳақиқат, агар роҳбарияти муассиса заминҳои ҳудуди муассиса ва хоҷагии ёрирасонро самаранок истифода мебурданд, имрӯзҳо хӯроки хонандагон бо истифода аз маҳсулоти худии тару тоза хуштаъму болаззат мегардид ва ҳамаи хонандагон онро истеъмол менамуданд.

Аз ин рӯ роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод»-ро зарур аст, ки дар мавриди оқилона истифода намудани замин масъулият ҳис намуда, дар фасли тирамоҳ дар заминҳои назди муассиса кишти сирпиёз ва пиёзи зимистонаро пурсамар гузаронанд. Дар фасли баҳор заминҳои хоҷагии ёрирасони муассисаро холӣ намонда, мақсаднок истифода баранд ва ҳосили фаровон рӯёнида, дигар литсейҳои касбии техникии шаҳру навоҳии мамлакатро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд
Роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор таъмир ва мумфарш мегарданд
Дар Нуробод 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо кам гардидааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Забони тоҷикӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати миллат ба шумор меравад
Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда шинос гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Дар «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст
«Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Дар Тоҷикистон нафарони аз 100- сола боло 230 нафарро ташкил медиҳанд
Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Сеул таҷлил карда шуд