Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 6 октябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе маротибаи аввал Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF).
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, то ҳолати 13 сентябр барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе 329 варзишгвщгар (183 писар ва 146 духтар) аз 51 кишвари 5 қораи олам номнавис шудаанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар ин чемпионат 17 варзишгарро номнавис намуд. Инҳо Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусаммир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Муҳсин Маллаев (-100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг) ва Фараҳманд Устопириён (+100 кг) мебошанд.
АКС аз бойгонӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






