Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд

Сентябрь 14, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои протоколи маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023 баррасӣ гардида, гузориши намояндагони вазорату идораҳои масъул шунида шуд.

Инчунин масъалаҳои ҳамкории ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ оид ба арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу ихтисос баррасӣ шуданд.

Роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко дар мавзуи «Омӯзиши таҷрибаи пешқадам оид ба ҳамкорӣ бо диаспора, ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ» маъруза намуда, ба ҳозирин аз таҷрибаи дигар давлатҳо мисолҳо овард.

Таъкид шуд, ки бо кушишу талошҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.

Рафти иҷрои бандҳои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди мамлакат барои солҳои 2021-2025» дар мавзуи имкони иштирок дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҳаллии самоягузорӣ, ҷалби сармояи диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим мебошад.

Роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ – диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар муҳокимаи масъалаҳо, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ оид ба фарҳанг, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу фаъолона иштирок намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар анҷом як қатор намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сентябрь 14, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд