Дар муассисаҳои олии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои ИДМ дарсҳои озод доир шуданд

Сентябрь 18, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои  таҳсилоти олии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  аз ҷониби коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дарсҳои озод гузаронида шуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дарсҳои озод дар доираи ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 19 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ташкил карда  шуд.

Дар ҷараёни  машғулият коршиносон  аз Кумитаи  иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, прокуратураҳои генералии Федератсияи Русия,  Беларус, Қирғизистон ва   Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия  дар назди донишҷӯёни тоҷик дар мавзуъҳои гуногуни  муқовимат ба коррупсия маъруза намуданд. Ҳамчунин вобаста ба таҷрибаи  давлатҳояшон дар самти  муқовимат  ба коррупсия маълумот пешниҳод карданд.

Дар амал татбиқ намудани  сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024  ва дар ин замина баланд бардоштани  мафкураи зиддикоррупсионии ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунии  коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва  барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ  аз ҳадафҳои асосии баргузории  машғулияти озод мебошанд.

 

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад