Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 33-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил гардид

Сентябрь 4, 2024 10:07

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар мамлакат таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд. Инчунин татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои ҷумҳурӣ имкон фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мамлакат рушд ёфта, дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа такони ҷиддӣ ба амал ояд. Ин матлаб дирӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ баён шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки «истиқлолият ҳамчун арзиши волои давлатдорӣ барои мардуми тоҷик оромиву осоиштагӣ, зиндагии пурсаодат, сарҷамъиву иттиҳод ва якдилӣ овард. Таҷрибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳалаи ибратомӯз гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваст мебошанд».

Дар даврони истиқлолият ҳифзи солимии аҳолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳо таъкид менамоянд, «дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст».

Соҳаи тандурустии мамлакат дар муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷиашон ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амал ба баланд бардоштани нуфузи тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд