ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар ҷаҳон даромади сайёҳии байналмилалӣ баъди нафт ва маводи доруворӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад

Сентябрь 27, 2024 08:16

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1979 инҷониб дар ҷаҳон ҳамасола 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Мақсад аз он нишон додани саҳми бахши сайёҳӣ дар иқтисоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушди робитаҳо байни давлатҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Тибқи маълумоти сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид, дар 7 моҳи соли 2024 беш аз 790 миллион сайёҳ аз давлатҳои худ ба хориҷа сафар кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023   11% зиёд ва назар ба соли 2019    4% кам мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ин замина танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2024  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 748,3 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ чун сайёҳ ворид гардидаанд.

Дар мамлакат 338 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки инҳо 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел (меҳмонхонаҳои хурд), 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг (истгоҳи тобистона барои сайёҳон),  4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд.

Фаъолият намудани  214 ширкати сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз ин шумора 41 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 101 адад ба шаҳри Душанбе, 46 адад ба вилояти Суғд, 17 адад ба вилояти Хатлон  ва 9 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд, аз рушди соҳаи сайёҳии мамлакат дарак медиҳад.

Дар ҷаҳон даромади сайёҳии байналмилалӣ баъди нафт ва маводи доруворӣ ҷойи сеюмро ишғол карда, он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд. Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Узбекистон бо 205,1 ҳазор нафар, Русия бо 31,9 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 7,1 ҳазор нафар, Чин бо 2,8 ҳазор нафар ва Туркия бо 2,5 ҳазор нафар ворид гардидаанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии сабтшуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мавҷуд мебошанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориро боз ҳам бештар менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар Тоҷикистон якчанд стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешаванд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашидаи худ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намуда, бо боду ҳавои тоза, обҳои шифобахш, кӯлу дарёҳо, чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор, ки диққати сайёҳонро ҷалб менамоянд, машҳур гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳон метавонанд бо ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхонаи миллӣ, осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Ямчун» (Бибӣ Фотимаи Заҳро), «Баҳористон», «Сатурн», «Хоҷа Оби гарм», «Сароб», Сафеддара», «Пули сангин», «Чилдухтарон» ва дигар мавзеъҳои ҷолиб шинос шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар ин замина ҳамкорӣ бо онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ қарор дод. Соли 2007 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии мамлакат дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин радиф таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои давлат ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.

Бо назардошти дорои таъриху фарҳанги пурғановат, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, олами набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат будани мамлакат ва сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, дар раддабандиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи намоён касб намудааст.

Ёдовар мешавем, ки беш аз 40 сол мешавад, ки аксар мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳиро ҷашн мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз соли 2007 ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамасола бо баргузор намудани озмунҳо, форумҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ онро ҷашн мегирад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2024 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд