ИСТИҚЛОЛ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТИ ХУШИҚБОЛ. Андешаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 9, 2024 17:43

ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Он авҷи дар амал татбиқшавии орзуву омолҳои миллат аст, ки бо ба вуҷуд овардани давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ, ҷойгоҳ ва мақоми худро устувор менамояд, миллатро бо забону фарҳанг ва ҳадафҳои таърихии хеш шинос месозад, низоми давлатдории худро интихоб, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Ин рӯйдоди фараҳбахшро 33 сол муқаддам давлати ҷавони мо соҳиб шуд ва аз як кӯчаи сарбаста ба шоҳроҳи пурифтихори созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳод, ки имрӯз мо самараи ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дида истодаем.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ пайдо кунад ва бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ нуфузи худро тақвият диҳад. Маҳз истиқлол сабаб шуд, ки халқи тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллии худ гардад ва худро дигарбора ҳамчун халқияти дорои тамаддуни пурифтихори қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ созад ва тамоми анъанаҳои миллии худро дубора эҳё кунад.

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар назаррас буда, он заминагузори меҳварии эҳёи дубораи анъанаҳои аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ — истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, нигоҳ доштани давлати миллӣ ва шакл гирифтани давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии бунёдгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин раванди пурифтихор, яъне ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ки қадамҳои аввали он пур аз ихтилофу бархӯрдҳои дохилӣ ва даргириҳои хунин аст, ҳизбе ба майдони сиёсии кишвар қадам ниҳод, ки худро ҳомии истиқлолу озодӣ, ваҳдати сартосарӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳомии ормонҳои миллӣ маънидод кард.

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ низ бар ин назаранд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба фаъолият шурӯъ намуд, ки мардуми кишвар ба як ҳизби сиёсие монанди он ниёз дошт. Аз ин рӯ, онро чун обу ҳавое, ки бе он зистан номумкин аст, пазируфт ва ҳамин тавр пайванди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мардум оғоз шуд ва то имрӯз он баҳри хостаҳои мардум талош карда истодааст.

Раиси   муаззами ҳизб  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ин нуктаро таъйид намуда, иброз доштаанд, ки: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд».

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Душанбе дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар пешрафту ободӣ, хуррамгардонию кабудизоркунӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, мактабӣ ва томактабӣ, зерсохтори варзишию сайёҳӣ, барои пешрафт ва ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи олам табдил додани қалби поку муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор ҳамоишу чорабиниҳои идона ва иқдомҳои мухталифро рӯйи даст гирифта, то 9 сентябр онҳоро амалӣ намуданд.

Саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдории навини тоҷикон шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва бунёдкору пешоҳанг дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз ҷонибдории комил намуда, дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона доранд.

Аз ин ҷост, ки аз шумораи аъзои њизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки 85 958 нафарро дар бар мегирад, 33 494 нафар ё 38, 96%-и онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар навбати худ Ҳукумати мамлакат низ бо назардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, як қатор асноди заруриро ба тасвиб расонидааст.

Аз ҷумла таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, марҳила ба марҳила зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд далели равшани онанд.

Махсусан, таъсиси Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”-ро метавон ном бурд, ки барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои мавҷуда, айни ҳол зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат таҳсил мекунад, ки ин низ далели дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Дар ин радиф, фазои зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи ногувори минтақа, афзудани тамоюлҳои номатлуб ва бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат моро водор ба он месозад, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ беш аз пеш талош намоем ва саҳми худро дар ин самт гузорем.

Зеро масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва Истиқлолу озодӣ рӯз то рӯз аҳамияти ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шањрванди кишвар, махсусан аъзо ва ҷонибдорони Њизби Халќии Демократии Тољикистон аст, ки ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро аз њама арзишњо болотар гузоранд ва дар амри гиромидошти ин неъматҳо пешсафиро аз даст надиҳанд.

Тавре аз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бармеояд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар тањти сарварии хирадмандонаи Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба  зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

Мо низ умедворем, ки дар ин самт аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ чун ҳамеша пешсафиро аз даст надода, баҳри нигаҳдошти Истиқлолу озодӣ, суботи сартосарӣ ва ин ҳама ҳадафу ғояҳои созанда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Иброҳим МИРЗОЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 9, 2024 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Истиқлоли сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ҲАСТИИ ДАВЛАТИ КОМИЛҲУҚУҚ ВА СОҲИБИХТИЁРИ ТОҶИКОН. Ин дастоварди бузург маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷо боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Истиқлоли давлатӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ба истифодаи самараноки замин мусоидат намуданд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР. Истиқлолияти давлатӣ ба рушди босуботи иқтисодиёт замина мегузорад
Пешвои миллат: «Тамоми имконияту захираҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат сафарбар карда шуданд»
Дар Коллеҷи техникии Тоҷикистон 33-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил намуданд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар ноҳияи Деваштич якчанд иншоот ба истифода дода шуд
Пешвои миллат барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт миннатдорӣ баён намуданд
Дар ноҳияи Панҷ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ тантанаҳои идона баргузор шуданд