ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ҲАСТИИ ДАВЛАТИ КОМИЛҲУҚУҚ ВА СОҲИБИХТИЁРИ ТОҶИКОН. Ин дастоварди бузург маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷо боқӣ мондааст

Сентябрь 9, 2024 18:18

ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди давлатдории миллӣ нақш ва мақоми Истиқлоли давлатӣ ҳамчун падидаи муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолу озодӣ ҳастии миллат, мояи ифтихори миллӣ ва сарбаландии миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷо боқӣ мондааст.

Дар замони басо душвори таърих сазовор шудан ба Истиқлоли давлатӣ кори саҳлу осон набуд. 9 сентябри соли 1991 барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ маҳсуб меёфт.  Ин санаи муҳим, дар таърихи миллати тоҷик гардиши куллиро ба миён оварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати эълони Истиқлоли давлатӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибистиқлол арзи ҳастӣ кард. Моҳи ноябри соли 1992, замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Фарзанди баору номуси тоҷик дар роҳи таҳкими арзиши соҳибистиқлолӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари амну осоишта ва сулҳофар ҳастии худро фидо намуданд. Маҳз, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат тантана намуд ва Тоҷикистон бо ба даст овардани осоиштагии сиёсӣ ба пайроҳаи ободкориву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардиданд.

Роҳбари сиёсии давлат дар яке аз баромадҳои худ махсусан таъкид намуда буд, ки “истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хоссаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем”.

Дар воқеъ, аз баракати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон мақому манзалати худро дар сатҳи байналмилалӣ соҳиб гардид, заминаҳои рушди босуботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин намуд, барои зиндагии шоистаи мардум шароити мусоидро фароҳам кард.

Мавриди зикр аст, ки ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлатӣ нишонаи худшиносии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ буда, масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, “ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.

Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста аст ва ҷаҳон аз иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи он ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд. Гузашта аз ин, садои тоҷиконро аҳли сайёра мешунаваду Тоҷикистон аз минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ҳарфи саодати башарият мегӯяд ва дар радифи давлатҳои муқтадири сайёра мақому манзалати шоиста дар бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ-Созмони Милали Муттаҳид дорад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз ҷониби тамоми кишварҳои сайёра ҷонибдорӣ ёфта, амалӣ мегарданд, ки ҳамаи ин музаффариятҳо самараи арзишманди Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои сарвари оқилу хирадманди тоҷикон мебошад. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ соли 2003-юмро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуда, тоҷиконро ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳиби ташаббусҳои наҷотбахши башарият эътироф намуданд.

Бо шарофати Истиқлолу иттиҳод дар тамоми гӯшаю канори мамлакат амалҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, садҳо иншооти замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир бо тарҳи зебою нотакрор қомат афрохтанд. Сохтмони иншооти тақдирсозу муҳим авҷ гирифт ва корҳои сарсабзу хуррамгардонӣ эҳё гардида, давлат ба як сарзамини ободу пешрафта табдил ёфт.

Мо, тоҷикон роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонем. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ аз ҳар яки мо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи худшиносии миллӣ, гиромидошти фарҳанг ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни ниёгони хеш тақозо карда мешавад, зеро Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии миллӣ ба мо халқи тоҷик имкони зиндагии озод, ором ва осударо фароҳам намудааст.

Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 9, 2024 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд