ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-НИШОН АЗ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуоти Бонкӣ миллӣ хабар доданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, иброз намуд, ки «Истиқлоли давлатӣ барои ҳар давлату миллат азизу муқаддас буда, бузургтарин дастовард ва далел аз худшиносии милливу ватандӯстӣ аст».
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ асосҳои ҳуқуқии давлатдориро устувор ва самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоиро муайян намуд ва мамлакатамон имрӯз ба давлати ободу шукуфон табдил ёфтааст. «Низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ташаккул ёфта, ҳамгироии худро бо низоми умумиҷаҳонии бонкӣ тақвият бахшидааст. Имрӯз дар низоми бонкии Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва усулҳои муосири пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ ҷорӣ гардида, қонунгузории соҳаи бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа вобаста ба талаботи замон такмил дода мешаванд»,-баён дошт ӯ.
Дар ҳамоиш инчунин аз ҷониби роҳбарияти бонк ғолибони мусобиқаи футболи хурд байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфа ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд






