«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид

Сентябрь 25, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /«Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи  «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфронси илмию амалӣ оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз намуд, ки қабули санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.

«30-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд»,-изҳор дошт Зариф Ализода.

Дар ҷараёни кори конфронс маърузаҳо дар мавзуъҳои мубрам оид ба нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди давлатдории Тоҷикистон, Конститутсия- заминаи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, масъалаҳои назорати судии конститутсионӣ, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои ҳуқуқӣ баррасӣ карда мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа