Корҳо ҷиҳати бунёду барқарорсозии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб тақвият бахшида мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёд амалӣ гардидаанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ гузаронида шудааст. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сентябри соли равон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор баён доштанд.
Президенти мамлакат ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки корҳоро дар самти дарёфти сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб тақвият бахшанд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки 135 километр роҳ аз ҳудуди ноҳия дар самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозӣ карда шавад.
Ҳадафи давлату Ҳукумати мамлакат аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъмин намуда, дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода, сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
Зимни суханронии Сарвари давлат таъкид гардид, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Сангвор мусоидат карда, дар ояндаи наздик ноҳия аз ин ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон боз ҳам беҳтар мегардад.
«Барои рушди минбаъдаи ноҳия ва баланд бардоштани некӯаҳволии ҳар як оила дар самти боз ҳам афзоиш додани картошкапарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки сарчашмаи хуби ташкили ҷойҳои нави кор мебошанд»,-изҳор доштанд Роҳбари давлат.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Сангвор дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад. Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот — Тавилдара, Чилдара, Вахё, Сангвор, Ваҳдат ва 90 деҳа иборат мебошад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






