Кормандони Кумитаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд

Сентябрь 4, 2024 16:58

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 нафар кормандон ва ҳунармандони дастаҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи телевизиону радио ва таъмини имконияти васею созгор ба кормандони ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Гуфта шуд, ки нақши воситаҳои ахбори омма, хосса телевизиону радио  дар самтҳои ҳаёти ҷомеа муҳим буда, ба ташаккули афкори умум ва раванди демократикунонии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.   Рисолати асосии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, аз ҷумла телевизиону радио дар вазъияти ҳассосу печидаи ҷаҳони имрӯз ҳидояти мардум ба роҳи донишу маърифат ва худшиносию ватандӯстӣ мебошад.

 

АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд