МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолият дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд

Сентябрь 6, 2024 14:43

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз ҷумла, имрӯз соати 17:00 дар Боғи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 18:00 дар Боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешаванд.

Ҳамзамон пагоҳ, соати 18:00 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи идонаи бошукуҳ баргузор мегардад.

Барномаи тантанавии ҷашнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 8 сентябр, соати 18:30 дар Майдони Шаршараи пойтахт дар назар дошта шудааст.

Инчунин бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил мешавад. Зеро расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2024 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд