«МегаФон Тоҷикистон» 5 усули пулкоркунӣ ҳангоми харидро пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Замимаи «МегаФон Life» барои баргардонидани қисми маблағҳои сарфшуда кумак мерасонад. Маблағи харидро тавассути ҳамёни электронӣ пардохт намуда, истифодабаранда соҳиби кешбэк аз шарикони замима мегардад – ин қариб 100 мағоза, қаҳвахона, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Маблағҳои баргардонидаро барои хариди нав истифода бурдан мумкин аст.
Барои хӯроки нисфирӯзӣ
Ба қаҳвахона барои хӯроки нисфирӯзӣ ё нӯшидани қаҳваи хушбӯй даромадед? Пардохтро тавассути «МегаФон Life» анҷом дода, кешбэк ба даст оред! Масалан, дар қаҳвахонаи «Simple» барои як пиёла қаҳва бо арзиши 50 сомонӣ 10 сомонӣ баргардонда мешавад. Дар «Café DELUXE» барои хӯроки шом бо нархи 200 сомонӣ шумо 26 сомониро бозпас мегиред. Дар рӯйхати шарикон – зиёда аз бист қаҳвахонаю тарабхонаи пойтахт қарор доранд.
Барои бензин
Сарфаи ками маблағ барои сӯзишворӣ ҳангоми сафар ҳамеша гуворо аст. Ба дилхоҳ нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Ориё» рафта, пардохтро тавассути «МегаФон Life» анҷом диҳед. Ба маблағи 200 сомонӣ сӯзишворӣ харида, 6 сомониро бозпас мегиред. Кешбэк дар 28 нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Ориё» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Барои либос
Харидҳои навро дӯст медоред? Пас метавонед кешбэкро истифода баред. Агар шумо дар мағозаи «DeFacto» куртаи зебою шинамро ба маблағи 300 сомонӣ харед, ба тавозуни «Ҳамён» 30 сомонӣ бармегардад. Шарикони лоиҳа – қариб даҳҳо мағозаҳои либос.
Барои маҳсулот
Супермаркетҳои «АРМУТ» ва «Red&White» ҷойҳои беҳтарин барои хариди маҳсулот мебошанд. Дар ин ҷо тамоми маҳсулоти заруриро пайдо кардан мумкин аст ва албатта, ба даст овардани кешбэк низ имконпазир мебошад. Масалан, агар дар «Red&White» маблағро дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарф кунед, соҳиби 25 сомонӣ кешбэк мегардед. Ва ҳамин тавр, ҳар боре, ки шумо бобати харид барои аҳли оилаатон ба назди шарикони замимаи «МегаФон Life» меоед, ин амал такрор меёбад. Байни онҳо – қариб даҳҳо мағозаҳои хӯрокворӣ ва супермаркетҳои Душанбе.
Барои… ҳаёт!
Рӯйхати мисолҳоеро, ки истифодабарандагони замима соҳиби кешбэк мегарданд, идома додан мумкин аст. Дар мағозаи «Студия подарков» 200 сомониро сарф намоед – ба тавозуни «Ҳамён» 10 сомонӣ бармегардад. Барои тозакунии костюм дар хушкашӯйии «Diamond Dry Cleaning» маблағи 150 сомонӣ харҷ намудед – дар лаҳзаи пардохт 15 сомонӣ бармегардад. Ва пас аз ташрифи таскинбахш ба саунаи «Sultan Hamam» аз маблағи 300 сомонии сарфшуда 15 сомониро бозпас мегиред. Шарикон дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт мавҷуданд. Рӯйхати пурра – дар суроғаи зерин.
Аз «Ҳамён» дар «МегаФон Life» истифода баред, то барои ҳар харид аз шарикони замима дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Бӯстон ва Хуҷанд кешбэк ба даст оред!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






