«ОФТОБИ ИШҚУ ИРФОН АСТ, МАВЛОНОИ МО». Дар шаҳри Кӯлоб конфронси адабӣ-фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Офтоби ишқу ирфон аст, Мавлонои мо» конфронси адабӣ- фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.
Таҷрибаи инсонӣ борҳо исбот намудааст, ки мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға, намунаи олии чунин арзишҳо аст.
Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, диққати муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш суруду мусиқӣ садо дода, донишҷӯён аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Бояд гуфт, ки Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабияш ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Рейнолд Николсон давоми солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.
АКС: Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






