Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз иншооти НБО «Роғун» ба толори мошинҳо ташриф оварданд.
Нахуст Пешвои миллат аз чархи кории доимӣ, ки ҳоло дар майдончаи васлгарӣ гузошта шудааст, дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин чархи корӣ барои иваз намудани чархи кории агрегатҳои мувақатии 5 ва 6 дастрас шудааст ва баъди анҷом ёфтани ин кор тавоноии ҳар яке аз 200 ба 400 мегават баланд бардошта мешавад.
Ҳоло кормандону мутахассисон бо азму иродаи қавӣ ва бо умеди ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон корҳои бунёду васлгариро дар дигар агрегатҳои неругоҳсуръат бахшида истодаанд.
Дар кратери агрегати рақами 4 статори турбина бо вазни умумии 269 тонна, камераи спиралӣ бо вазни умумии 200 тонна насб гардидааст.
Зимни боздиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки дар атрофи зонуқубур, конус ва камераи спиралӣ вазни арматураи басташуда 380 тонна ва бетони хобондашуда 9 ҳазору 579 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Анкерҳои таҳкурсии сервомоторҳои дастгоҳҳои самтдиҳанда насб карда шуда, корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ идома дорад.
Дар кратори агрегати рақами 3 зонуқубур ва конуси қубури ҷабанда гузошта шуда, корҳои арматурбандӣ ва бетонгирӣ то сатҳи 948 метр амалӣ гардидааст.
Дар қисмати горизанталии қубури ҷабандаи гидроагрегатҳои 3 ва 4 корҳои сохтмонӣ идома дошта, зонуқубур ва конуси қубури ҷабандаи гидроагрегати рақами 2 дар кратери гидроагрегат гузошта шуд.
Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонии атрофи зонуқубур ва конуси қубури ҷабандаи гидроагрегати 2 то сатҳи 948 расида, васли зонуқубури ҷабандаи гидроагрегати рақами 1 дар сатҳи 948 метр баробар гардида, дар байни кратерҳои гидроагрегатҳои рақами 2 ва 3 идома дорад.
Ҳоло дар кратери гидроагрегати рақами 1 корҳои сохтмонӣҷараён дошта, кандани ҷинсҳои кӯҳӣ то сатҳи 247 метр иҷро шудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки ҳар як сафари кории Пешвои миллат ба ин иншооти азими энергетикӣ ба кормандону муҳандисон неруи тоза мебахшад ва онҳо дар тезонидани бунёди НБО «Роғун» бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои навбатии неругоҳ дар самти татбиқи ҳадафи стратегии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣқадамҳои устувор гузошта мешавад.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат доир ба фаъолияти ду агрегати нахустини неругоҳ маълумот дода шуд. Тибқи иттилоъ агрегатҳои 5 ва 6 аз ибтидои фаъолият, то ин ҷониб 7,6 миллиард киловат соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол ва ба системаи энергетикии кишвар интиқол додаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо, ки яке аз иншооти асосии НБО «Роғун» ба шумор меравад, сифати корҳои сохтмониро баланд арзёбӣ намуда, баҳри вусъат бахшидани корҳои боқимонда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни боздид аз Неругоҳи обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






