Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаро ба истифода доданд

Сентябрь 13, 2024 11:57

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Раштро ба истифода доданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз ду ошёна иборат буда, барои кормандон дар ҳуҷраҳои барҳаво шароит фароҳам оварда шудааст. Инчунин бино дорои толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба анҷом расонида шудааст.

Бунёди чунин бинои хуштарҳу замонӣ имкон медиҳад, ки ба корафтодагон хизматрасонӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳамшавии шароитро дар сатҳи маҳал барои пешрафти кор муҳим арзёбӣ карда, коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамзамон дар назди идораи ҷамоат осорхонаи шоир Боқӣ Раҳимзода бунёд шуда, нимпайкараи ӯ гузошта шудааст, ки ҳар як нафар метавонад бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоири зиндаёд шинос шавад.

Таваҷҷуҳ ба намояндагони аҳли илму адаб аз сиёсати созандаву фарҳангпарвари Роҳбари давлат маншаъ гирифта, барои муаррифии бештари эҷодиёт ва рӯзгори ибратбахши фарзандони баруманди миллати тоҷик мусоидат мекунад.

Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода дар ноҳияи Рашт 13.09.2024

Сентябрь 13, 2024 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд