РАШТОНЗАМИН. Дар ин минтақаи хушманзараи Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ояндадор аст

Сентябрь 12, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо обҳои зулолу мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳсорони пур аз ганҷ ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад.

Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш рушд меёбад, байни ҷаҳонгардон маҳбубияти хосса пайдо намудаанд ва ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъҳои зебоманзар ҳамасола меафзояд.

Табиати Лахш барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид аст

Дар ноҳияи Лахш, ки яке аз мавзеъҳои мусоид барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ аст, аз соли 2010 инҷониб барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ гузаронида мешаванд. Аз ноҳия ба сӯи ин қулла роҳи махсус аст, ки кӯҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» раҳнамун месозад. Табиати ноҳия бештар барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид мебошад.

Кӯҳҳои Мария ва Гули лола — муъҷизаҳои Сангвор

Дар водии Рашт ноҳияи Сангвор бо иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, кӯҳҳои Мария ва Лола ва чашмаҳои шаффоф барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ аст. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои тамошои мавзеъҳои сайёҳии водии Рашт ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд.

Сайёҳӣ дар Рашт соҳаи ояндадор аст

Инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар водии Рашт, ки дорои захираҳои бойи сайёҳӣ аст, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ тавсеа ёфтааст. Далели ин бунёди даҳҳо меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ мебошад, ки дар баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони ин минтақаи кӯҳистон, хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ва меҳмонон мусоидат менамояд.

Роҳи Абрешим тавассути Рашт мегузашт

Номи Рашт аз қадимулайём ҳамчун Рошт ва аз асри 14 ҳамчун Қаротегин маълум буд, ки тавассути он Роҳи Абрешим мегузашт. Баъд аз ташкили Ҳокимияти Шуравӣ дар ҳудуди бекигарии Қаротегин вилояти Ғарм таъсис ёфт, ки дар баробари ноҳияҳои Қалъаи лаби об, Ҳоит, Ҷиргатол, Шулмак, Сангвор, Дарвоз ва Оби гарм ноҳия аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи соли 1955 зери тобеияти он буд. Он ҳамчун ноҳияи Ғарм 10 марти соли 1931 дар масоҳати 5346,9 км2 ташкил карда шуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2001 номи ноҳияи Ғарм ба Рашт иваз карда шуд.

Рашт саросар кӯҳсор аст

Масоҳати ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор километри мураббаъро ташкил намуда, 97 фоизи масоҳаташро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Рашт аз ҷануб бо ноҳияи Сангвор, аз шарқ бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш, аз шимолу шарқ бо Қирғизистон, аз шимол бо ноҳияҳои Айнӣ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва аз ғарб бо ноҳияи Нуробод ҳаммарз аст.

Рашт тобистони салқин ва зимистони сард дорад

Ноҳияи Рашт аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр ҷойгир шудааст. Дар баландиҳои аз 1500 то 3000 метр иқлим муътадил, тобистон салқин ва зимистон сард аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +18 то +24 дараҷа ва моҳи январ аз -5 то -10 дараҷа хунук мебошад. Миқдори бориш ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад.

Дарёи Сурхоб аз Рашт убур менамояд

Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб убур мекунад. Ба он дарёҳои хурди бисёр ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон Руноб, Шӯрак, Оби Кабуд, Ясманд, Оби сафед, Сорбоғ ва Санги кар мебошанд.

Себи Рашт ҳамто надорад

Дар ноҳия қариб ҳамаи намуди дарахтҳо-себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, заранг, бодом, фарк, растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд. Табъу лаззат ва сифати меваҳои Рашт аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон тафовут дорад.

Ҳайати иҷтимоии аҳолии Рашт

Аҳолии ноҳияи Рашт қариб 140 ҳазор нафар мебошад. Ноҳия аз рӯи хусусият аграрӣ буда, 98 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 100 фоиз тоҷикҳо ташкил медиҳанд. Дар ноҳия ду ҷамоати шаҳрак-Ғарм ва Навобод ва 12 ҷамоати деҳот фаъолият доранд. Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм мебошад.

Фарҳанг

Дар ноҳияи беш аз 60 муассисаи фарҳангӣ ва фароғатӣ, зиёда аз 18 мавзеъ ва ёдгориҳои таърихӣ ва ду осорхона фаъолият доранд, ки яке дар назди бахши фарҳанг ва дигаре осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» дар деҳаи Ҷафр мебошад. Дар осорхонаи назди бахши фарҳанг беш аз 450 нигора ва дар осорхонаи «Кӯҳсори Аҷам» беш аз 2200 нигора гирд оварда шудаанд.

Меҳмонхонаҳо

Ҳоло дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ -«Соҳили Сурхоб», «Шоми Рашт» ва «Ҷамъияти матлубот» фаъолият дошта, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Онҳо дар як шабонарӯз метавонанд ба зиёда аз 150 нафар меҳмонон ва сайёҳон хизмат расонанд.

Рашт дорои имконияти зиёди сайёҳӣ аст

Дар Рашт имконияти васеъ ва захираи бой барои рушди сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ мавҷуд мебошад. Дар ноҳия дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит аз мавзеъҳои нодири сайёҳӣ маҳсуб мешаванд. Манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавоз ва дигар хусусияти хоси ин дараҳо таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намуда, ҳамасола теъдоди зиёди онҳо ин мавзеъҳоро тамошо менамоянд.

Камароб қалби сайёҳонро тасхир намудааст

Ҳамасола дараи овозадори Камаробро сайёҳони зиёд тамошо менамоянд. Манзараҳои дилфиреб, шаршараҳо, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, кӯҳи пурсаховати Зуғол, кони ангишти Кафтархона, дарахтони гуногуни табиӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Парваришгоҳи давлатии «Камароб» соли 1960 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия таъсис шудааст, ки ҳудуди он зиёда аз 10,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи кӯҳӣ мебошад. Парваришгоҳ дорои 23 намуд паранда ва 350 намуд гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Дараи Ҳоит. Оби сафед- макони гулмоҳии Рашт

Дар ҳудуди деҳоти Ҳоит сайёҳон бо нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949, ки ноҳияи Ҳоитро батамом нест намуда буд, шинос мешаванд. Ба хотири шаҳидони заминларза дар даромадгоҳи Ҳоит ёдгории таърихии муҷассамаи «Модар» бунёд гардидааст.

Дараҳои Ясманд, Назарайлоқ ва Шавр ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқ мебошанд. Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш бисту як километрро ташкил менамояд, бо анвои растаниву дарахтони гуногуни мевадиҳандаю бесамар аз гузаштаҳо мерос монда, Оби сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад, макони гулмоҳии зебои Рашт мебошад.

Дар ин мавзеъ канданиҳои зиёди фоиданок дар синаи кӯҳе, ки дар дараи Пиёзӣ ҷойгир аст, нуҳуфтаанд. Тибқи маълумоти мутахассисон, шумораи канданиҳои фоиданоки дараи Пиёзӣ на кам аз 24 намуд мебошад.

Дараи Тагоба

Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзари Хуҷашамсиддин воқеъ аст, ки дорои ҳайвоноти зиёд буда, макони беҳтарин барои шикор аст. Дар ин мавзеъ барои қабули сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст.

Дараи Қалъанак

Дараи Қалъанак бо таърихи худ барои сайёҳон ҷолиб аст. То заминларзаи соли 1949 дар ин мавзеъ 13 деҳа буд ва мардуми зиёд кору зиндагӣ мекарданд. Ин дара имрӯз шикоргоҳ ва тамошогоҳи дилпазир буда, дар ин мавзеъ ду кӯл мавҷуд аст.

Дараи Ҷафр Мичурини худро дорад

Дараи Ҷафр яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Рашт ба шумор рафта, ҳамасола маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва табиати дилфиреби онро сайёҳон тамошо менамоянд.

Дар ин мавзеъ бо ташаббуси деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир ҳанӯз соли 1988 боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам» ташкил карда шудааст. Боғ қариб 1 гектарро ташкил дода, дар он 64 навъи маҳаллии себ, 34 навъи муруд, 22 навъи зардолу, навъҳои зиёди гелос, ангур, олу, шафтолу, чормағз ва бодом, ки дар шароити нестшавӣ буданд, аз нав барқарор карда, парвариш ва зиёд карда мешаванд.

Дар боғи «Кӯҳсори Аҷам» осорхонаи кишваршиносӣ, маркази ҳунармандӣ ва меҳмонхонаи миллӣ фаъолият дорад

Дар ин боғ дар як дарахти бодоми талхдона 5 намуд мева- олу, зардолу, куксултон ва бодоми шириндона, дар як дарахти себ 14 навъи он ва дар як дарахти муруд 6 навъи он пайванд карда шудаанд, ки намудҳои гуногуни мазза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд. Дар ин боғ осорхонаи кишваршиносӣ, маркази ҳунармандӣ, меҳмонхонаи миллӣ, бахши занбӯрпарварӣ таъсис дода шудаанд, ки сайёҳон бо таъриху фарҳанги мардуми кӯҳистон шинос шуда, маҳсулоти дастии ҳунармандон, гиёҳҳои шифобахш ва асали тозаи гиёҳҳои кӯҳистонро харидорӣ менамоянд. Дар заминаи боғи ботаникӣ дар дараи Ҷафр «Парки себ» бунёд гардидааст, ки хеле ҷолиб ва беназир буда, барои сайру гашти сайёҳон муносиб мебошад.

Ҳунарҳои мардумӣ дар Рашт

Ҳунармандони Раштонзамин дар ҳама давру замон бо санъати худ машҳур буданд. Дар ин диёри кӯҳистон ҳунарҳои гулдӯзӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, кулолгарӣ, намадмолӣ, дуредгарӣ ва ғайра шуҳрат доранд.

Кадбонуҳои раштӣ дар омода намудани ғизоҳо ҳамто надоранд

Кадбонуҳои раштӣ ҳунари хуб дошта, ғизоҳое омода менамоянд, ки хоси ин мардум мебошанд. Талқон, далда, оши борик, оши тупа, умоч бо дуғ, умоч бо шир, кочӣ, умоч бо ров, кашки сабз, кашк бо каллаву поча, шакароб, қурутоб, фатирмаска, се намуд суманак, ширкаду, кадуи тагиаловӣ, кадушӯрбо, карамшӯрбо, наскпиёба, нахудпиёба, тухмпиёба, қорчбирён, моҳибирён, зардолушӯрбо, ҳавлои сурхак, ҳавлои сафедак, нашоиста, ширбат, туршак, рӯғанбат, ордбирён, моделова ва ғайра аз ҷумлаи ғизоҳое мебошанд, ки сокинони ин водӣ давоми асрҳо онҳоро омода менамоянд.

Нонпазӣ-ҳунари маъмули занҳои Раштонзамин

Нонпазӣ низ яке аз ҳунарҳои маъмули занҳои Раштонзамин мебошад. Гирдача, кулча ва чапотии ин диёр ба куллӣ аз дигар нонҳои мардуми Тоҷикистон тафовут доранд ва калонҳаҷму болаззат мебошанд.

Рашт дар ҳоли рушд аст

Дар маҷмуъ, минтақаи Рашт дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаю стратегияҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, хеле рушд намуд. Далели ин гуфтаҳо ба истифода додани чандин иншоот ва инфрасохтор дар соҳаҳои гуногун мебошанд, ки зимни сафарҳои кории Пешвои миллат ба минтақаи Рашт ба истифода дода шудаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд