РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд

Сентябрь 27, 2024 18:16

 КӮЛОБ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзуи «Имконияти рушди сайёҳии Тоҷикистон дар замони истиқлолият» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии сайёҳӣ ва амну субот барои сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ гардида,  чун давлати дорои захираҳои бойи сайёҳӣ шинохта шуд.

Дар ҳамоиш  дар мавзуъҳои «Хушкшавии баҳри Арал ва таъсири он ба туризми экологии давлатҳои Осиёи Миёна», «Имконияти сайёҳии минтақаи Кӯлоб» ва «Нақши осоишгоҳҳои байналмилалӣ дар рушди туризм» маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Марҳилаҳои рушду инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ бештар аз устувор гардонидани таваҷҷуҳи хосса ва танзими давлатии фаъолияти сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ вобаста мебошанд.

Соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок буда, аз ин ҳисоб маблағҳои зиёд ба буҷаи давлат ворид гардида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд. Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти хеле калон дорад. Агар ин имконот пурра истифода шаванд, ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ ба мамлакати мо барои тамошои маконҳои ҷолиб меоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сентябрь 27, 2024 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ