Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар Туркия нахустин маротиба маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 6 сентябр Намоишгоҳи 32-юми байналмилалии «WorldFood Istanbul» баргузор гардид, ки дар он бори аввал 8 ширкати ватанӣ аз Тоҷикистон иштирок намуда, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Намоишгоҳи байналмилалии «WorldFood Istanbul» яке аз намоишгоҳҳои калонтарини байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо мебошад. Давоми зиёда аз 30 сол Истанбул ба макони вохӯрии истеҳсолкунандагони маводи хӯроквории байналмилалӣ ва харидорони калидӣ аз Туркия ва дигар кишварҳо табдил ёфтааст.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 900 ширкати истеҳсолӣ ва харидорон аз 80 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дастовард ва навовариҳои техникиро дар соҳаи озуқаворӣ ба намоиш гузоштанд. Дар намоишгоҳи «WorldFood Istanbul» бори аввал стенди миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Стенди миллиро Консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул Зоҳир Мирзозода, раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия Ҷиҳонгир Фикрӣ ва директори портфели ташкилкунандаи чорабинӣ ICA/WFI Семи Бенбанасте ифтитоҳ намуданд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои ватанӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оро Исфара», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фабрикаи ширин», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Кӯҳистон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷфрут», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алӣ Априкот», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии меваҳо» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Ватан» маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.
Дар намоишгоҳ бо намояндагони шабакаҳои савдои чакана ва корхонаҳои яклухт, ки ба харидории маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, якчанд вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Дар натиҷаи мулоқотҳои хосса ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонида шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






