СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд

Сентябрь 14, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сабти ақди никоҳ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, муҳофизати ҳуқуқҳои шахсию молумулкӣ, манфиатҳои зану шавҳар ва фарзандон муқаррар карда мешавад. Ақди никоҳ дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати яке аз тарафҳои ба ақди никоҳ дохилшаванда дар ҳузури ҳарду тараф ё ҷои истиқомати падару модарони онҳо ба қайд гирифта мешавад. Сабти ақди никоҳ имконият медиҳад, ки муносибати ҳамсариро аз дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо хусусияти фарқкунандааш ҷудо созем. Чунин изҳори назар намуд Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода вобаста ба зарурати сабти ақди никоҳ.

Бояд гуфт, ки тақдири никоҳшавандагон, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ҳамеша дар маркази диққат ва ғамхории давлат қарор дорад. Бо ин мақсад давлат қайди давлатии ақди никоҳ муқаррар намудааст.

«Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меоянд», — гуфта шудааст дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, зарурати сабти давлатии ақди никоҳро бо мазмуни васеътар дарк намудан зарур аст, зеро он муносибати ҳамсариро ба низом дароварда, бар зидди ҳар гуна сабукандешиҳо ва каҷравиҳо дар ташкили оила ҳамчун монеаи ҳуқуқӣ хизмат менамояд. «Ақди никоҳ дар шуъбаҳои ноҳиявии (шаҳрии) мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар шаҳрак ва деҳа аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ё деҳа сабт мешавад. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот ба қайд гирифта шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд»,-изҳор медорад мавсуф.

Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи мустақилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд овард. Бахусус дар марҳилаҳои аввали ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар баробари иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, тағйири вазъи инсон дар сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ ба таври куллӣ ногузир мегардад, ки он дар навбати аввал ба оила чун рукни табиӣ ва асосии ҷомеа дахл дорад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз дар моддаи 33-и Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ин муқаррарот дар моддаи 10 Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии соли 1966 низ пешбинӣ шудааст: «Ба оила, ки рукни табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад, бояд ёрии ҳадалимкон расонида шавад, махсусан ҳангоми пайдоиши он ва то замоне, ки масъулияти ғамхорӣ дар бораи фарзандони ноболиғ ва тарбияи онҳо бар дӯши он мебошад».

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 434 никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2023  2417 адад камтар буда, омори коҳиши сабти ақди никоҳ мушоҳида мешавад. Дар ҳамин ҳол дар давраи ҳисоботӣ шумораи бекоркунии ақди никоҳ нисбат ба соли 2023 коҳиш ёфтааст. Агар соли 2024   4108 ҷуфт ҷудо шуда бошад, пас соли 2023 ин рақам ба 5370 баробар буд.

Исфандиёр Собирзода иброз медорад, ки агарчи ҳоло мо бештар оид ба мустаҳкам намудани оила ҳарф мезанем, лек то ҳол ҷой доштани якчанд зуҳуроти манфӣ ба назар мерасад. «Махсусан, беш аз пеш вайроншавии оилаҳо, ки оқибаташ расонидани зарар ба ҷомеа, таъсири манфӣ ба тарбияи кӯдакон, ҳолати руҳии марду зан ва фаъолияти ҷамъиятию меҳнатии онҳо аст, боиси ташвиш аст. Маълумоти омории солҳои охир дар Тоҷикистон оид ба қатъ гардидани ақди никоҳ далели ин фикр аст. Бо вуҷуди чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ баҳри ҳифз ва таҳкими оила қатъи ақди никоҳ ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ меафзояд»,-афзуд ӯ.

Дар ин давраи хуруҷи тазодҳои иҷтимоӣ масъалаи аз рӯи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ ташкил ёфтану устувор гаштани ақди никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар руҳи садоқат ба Ватан, халқ, муносибати бошуурона ба заҳмати муфиди ҷамъиятӣ, тарбия кардани насли наврас эътибори махсусро тақозо менамояд, зеро пешрафти иҷтимоии ҷомеа ва таркиби сифатии аҳолӣ ба устувории оила вобастагӣ дорад.

Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

а) баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли ҳама масъалаҳои оилавӣ. Ин баробарҳуқуқӣ на танҳо ҳангоми аз ақди никоҳ гузаштан, балки баъд аз ин ҳам нигоҳ дошта мешавад. Онҳо ҳуқуқи баробарии шахсӣ ва молумулкӣ пайдо мекунанд;

б) баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ сарфи назар аз миллат, нажод ва муносибаташон ба дин. Дар ҷумҳуриямон дар вақти ақди никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ аз рӯи аслу насаб, мавқеи иҷтимоӣ ва молу мулкдорӣ, мансубияти наҷодӣ ва миллӣ, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъ ва характери касбу кор, ҷои истиқомат ва дигар ҳолатҳо ба ягон тарз бевосита ё бавосита маҳдудкунии ҳуқуқ, муқаррар намудани афзалияти бевоситаю бавосита роҳ дода намешавад;

в) муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ;

г) ғамхорӣ дар бораи тарбияи фарзандон ва таъмини манфиати онҳо. Падару модарон вазифадор ҳастанд фарзандонашонро тарбия намоянд, дар бораи саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқ, дар бораи таълими онҳо ғамхорӣ кунанд, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ тайёр намуда, ҳамчун узви сазовори ҷамъият ба камол расонанд;

д) якканикоҳӣ (моногамӣ). Моҳияти ин принсип дар он зоҳир мешавад, ки ҳар кас фақат дар як ақди никоҳ буда метавонад. Агар ин принсип ҳангоми бастани ақди никоҳ риоя нашуда бошад, ақди никоҳ беэътибор эътироф карда мешавад ва шахси ин қоидаро вайронкарда мумкин ҳатто сазовори ҷазои ҷиноӣ гардад;

е) озодона ва ихтиёрӣ бастани ақди никоҳ;

ҷ) аз ҳалли масъалаҳои ақди никоҳ ва оила ҷудо будани дин;

з) дар зери назорати давлат озодона бекор кардани ақди никоҳ;

и) аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ масъули ҳамдигар будан ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оила. «Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд», гуфта мешавад дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи ректори донишкада, одатан ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар оила маҳдуд карда намешаванд. Аммо дар баъзе ҳолатҳои ҷудогона ҳуқуқҳои шаҳрвандон тибқи қонунгузорӣ дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, мафиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон зарур мебошад, маҳдуд карда мешавад. Бо ин мақсад дар Кодекси оила баъзе маҳдудият муқаррар карда шудаанд. Чунончӣ, тибқи Кодекси оила «шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд». Ин меъёри ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба ҳимояи манфиатҳои занон ва таъмини саломатии кӯдакони навзод равона карда шудааст. Мисоли дигар, тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад бо назардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома қабул намояд.

Ба иттилои мавсуф, дар ҳуқуқи оилавӣ меъёрҳои диспозитивӣ (ҳаракати меъёрӣ) васеъ мегарданд. Агар меъёрҳои ҳозираи қонунгузории оилавиро бо меъёрҳои қонунгузории пештараи ҳуқуқи оилавӣ муқоиса намоем, пас бисёр меъёрҳои диспозитивиро дучор меоем, ки пештар мавҷуд набуданд. «Бисёр масъалаҳое, ки пештар ба таври императивӣ (тавсиядиҳанда) ҳал мегаштанд, ҳоло ба таври диспозитивӣ танзим мегарданд.  Масалан, низоми ҳуқуқии амволи ҳамсарон ҳоло на танҳо аз ҷониби қонун, балки бо созиши тарафҳо низ муайян карда мешавад.  Ноустуворона ва ҷуброни зарар ҳоло дар ҳуқуқӣ оилавӣ низ ба чашм мерасад. Масалан, дар муносибатҳои алиментӣ. Дар қисми 2 моддаи 116 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст:

«2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми даҳ фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад.

Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент уҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани уҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад», — афзуд И.Собирзода.

Бояд гуфт, ки дар ҳуқуқи оилавӣ далелҳои ҳуқуқии махсус  мавҷуд ҳастанд, ки аз иродаи иштирокчиёни ин муносибатҳо вобаста нестанд. Дар ҳуқуқи гражданӣ асосҳои ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ гаштани  муносибатҳои ҳуқуқӣ аз иродаи иштирокчиён вобаста аст ва аксаран дар асоси шартнома ба вуҷуд меоянд, ки дар онҳо изҳори иродаи иштирокчиён дида мешавад. Вале ин хусусият на дар ҳуқуқи оилавӣ ва на дар ҳуқуқи маданӣ хусусияти мутлақ надорад. Масалан, тавре ҳамсуҳбати мо изҳор медорад, низоми ҳуқуқии амволи ҳамсарон метавонад дар асоси созишнома муайян шавад. Дар ҳуқуқи маданӣ низ якчанд муносибатҳое мавҷуданд, ки аз иродаи иштирокчиёнаш вобаста нестанд. Масалан, муаллиф ҳатто дар мавриди мавҷуд будани иродааш низ аз ҳуқуқи муаллифӣ даст кашида наметавонад.

Ҳамзамон Исфандиёр Собирзода мегӯяд, ки ба муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ табиати ройгон будан хос аст. Бинобар ин дар чунин муносибатҳои ҳуқуқӣ муносибатҳои шахсии ғайриамволӣ бартарият доранд. Масалан, уҳдадории фарзанд оид ба нигоҳубини падару модари ғайри қобили меҳнат ва муҳтоҷи ёрӣ ройгон аст, новобаста аз он ки фарзанд пештар аз падару модар таъминот гирифта буд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 14, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт
ИМРӮЗ-РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН. Дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад
Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Дар 15 соли охир барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст»
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ шуд
РАШТОНЗАМИН. Дар ин минтақаи хушманзараи Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ояндадор аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳим арзишҳои асосии ҷомеа ва давлатро дар бар мегирад
Дар бархе муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ ба назар мерасад
КАМОЛОТИ ИНСОНӢ АЗ САВОДУ МАЪРИФАТ ВОБАСТА АСТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — АРЗИШИ АБАДӢ. Андешаҳо дар мавриди бузургтарин неъмат барои тоҷикон