Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд

Ноябрь 23, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷинани музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи барномаи Лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай нахустин вохӯрӣ-шиносоии намояндагони ҷавонони давлатҳои иштирокдор баргузор гардид. Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаҳои сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш, фарҳанг ва иттилоот дохил мебошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки ҳайатҳои миллии Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида, ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва тақвияти муколамаи байнифарҳангии ҷавонон нигаронида шудааст.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳаммуассисони Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ, рушди ҳамкории бисёрҷониба ва татбиқи ташаббусҳои муштараки ҷавонони давлатҳои аъзои Созмон саҳм мегузорад. Бо шарофати сиёсати дурбинона, созанда ва ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки фаъоли ҷавонони мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии шоистаи давлату миллат, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо ҷавонони давлатҳои ҷаҳон шароити мусоид ва имконияти васеъ фароҳам оварда шудаанд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ самараи дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба насли ҷавон ва идомаи татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар самти рушди дипломатияи ҷавонон, таҳкими нуфузи байналмилалии мамлакат ва тавсеаи ҳамкории судманд бо шарикони хориҷӣ мебошад.

Дар доираи барномаи лагер, ки то 29 ноябр идома меёбад, намояндагони Тоҷикистон дар форумҳои байналмилалӣ, машғулияти омӯзишӣ, мулоқотҳои корӣ ва барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуда, барои муаррифии дастовардҳои ҷавонони мамлакат, таҳкими робитаҳои дӯстона ва ташкили ташаббусҳои нави муштарак дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай саҳм мегузоранд.

АКС: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд