ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 2, 2024 08:00

2 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин намудаанд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

***

15 сол пеш, 2 сентябри соли 2009 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин ҷаласаи якҷояи минтақавии комиссияҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масъалаҳои наздисарҳадӣ баргузор гардид.

***

13 сол пеш, 2 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гардид, ки дар он  сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро баррасӣ намуданд.

***

2 сентябри соли 2015 дар шаҳри Пекин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ ба имзо расид.

***

2 сентябри соли 2017 дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтси масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, ки мақомоти шаҳри Москва тасмим гирифтааст, ки биноеро дар маркази шаҳр ба таври ройгон ба моликияти Федератсияи Русия диҳад, ки дар он ҷо маркази фарҳангӣ ва намояндагии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

***

2 сентябри соли 2023 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака мулоқот намуд, ки дар ҳошияи мулоқот Созишномаи грантӣ доир ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба имзо расид.

2 СЕНТЯБР:

Дар Ветнам – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Русия – Рӯзи гвардия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сотим Улуғзода— соли 1911- нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Сентябрь 2, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст