ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.
***
13 сол пеш, 29 сентябри соли 2011 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳавопаймои нави худ — «Боинг 737-900»-ро муаррифӣ намуд, ки дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нав пайдо шуда буд.
***
29 сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг Мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди истифода қарор дода шуд.
***
29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.
***
8 сол пеш, 29 сентябри соли 2016 дар Қасри миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
***
Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.
***
29 сентябри соли 2022 роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нишасти қолаби «С5+1» масъалаҳои мустаҳкам намудани амнияти иқтисодӣ, инчунин зарурати рафъи ихтилофот бо роҳи дипломатиро муҳокима намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» ҳамоиш таҳти унвони «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 10 кишвари бо мо дӯст, роҳбарони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва сармоягузорон иштирок намуданд.
29 СЕНТЯБР:
Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
***
Рӯзи байналмилалии ношунавоён.
***
Якшанбеи охири моҳи сентябр- Рӯзи байналмилалии мошинсозон.