«Тоҷик Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» шуруъ аз 30 сентябри соли 2024 парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд.
Парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шуданд.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе ҳафтае се маротиба: рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд. Нархи чипта дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар як самт 900 сомонӣ буда, шаҳрвандон имкон доранд чиптаҳои парвозро аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои «Тоҷик Эйр», ки дар бинои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1 воқеъ аст, дастрас намоянд. Масофаи парвоз аз Душанбе ба Хоруғ 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ҳавопаймои АН-28, ки қаблан дар ин масир парвоз мекард, аз ду муҳаррик иборат буда, ғунҷоиши 17 мусофирро дорад. Он баъди таъмири куллӣ ва тамдид гардидани муҳлати истифодааш парвозҳоро дар самти Душанбе-Хоруғ-Душанбе идома медиҳад.
Ҳавопаймои АН-28, ки дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе аз 30 сентябр ба парвоз оғоз мекунад, ба талаботи бехатарии авиатсионӣ ҷавобгӯ ва мутобиқ мебошад.
26 сентябр ҳавопаймои АН-28 дар фазои Душанбе парвози санҷишии муваффақона анҷом дод. Парвоз аз Душанбе ба Хоруғ соати 8:00 субҳ доир шуда, вақти парвоз 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад. Чун Бадахшон минтақаи баландкӯҳ мебошад, парвоз дар ин масир ба вазъи боду ҳаво сахт вобаста аст.
Назар ба иттилои фармондеҳи ҳавопаймои АН-28 Шукрихудо Додихудоев, парвоз дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе душвортарин роҳи ҳавоӣ арзёбӣ мегардад.
Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз моҳи сентябри соли 2021 қатъ шуда буд. То он дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои АН-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри «Тоҷик Эйр» қарор дошт, анҷом дода мешуд.



Ҳоло шаҳрвандон ва сайёҳон ба Бадахшон тавассути роҳи мошингард сафар менамоянд, ки 16-17 соат вақтро мегирад. Бо барқарор гардидани роҳи ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе мушкили мусофироне, ки нияти ба Бадахшон сафар кардан доранд, осон мегардад. Яъне онҳо имкон доранд соати 08:00 аз Душанбе ба Хоруғ парвоз намуда, соати 10:00 ба Душанбе баргарданд. Вақти рафту омад ҳамагӣ 2 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода иттилоъ дод, ки ширкат дар оянда тасмим гирифтааст, ки парвозҳои маҳаллиро дар масири Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Рашт, Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Ишкошим, Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Рӯшон ва Душанбе-Айнӣ, ки қаблан анҷом дода мешуданд, бо истифода аз имконияти мавҷуда барқарор намояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/«Тоҷик-Эйр»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






