Иштирокдорони Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуданд

Октябрь 17, 2024 13:41

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати иштирокдорони Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.

Роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ гузарониданд, ки зимни он меҳмонон бо таърихи қадимии миллати тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аз 15 то 18 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.

Дар доираи синамоҷоиза Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия, Форуми байналмилалӣ бахшида ба гиромидошти хотираи коргардони маъруфи Тоҳир Собиров, Питчинги байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ, дарсҳои «Устод ва шогирд» ва Шурои директорони киностудияҳо баргузор мегарданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 17, 2024 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад