Дурнамои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 бозбинӣ ва баланд карда мешавад

Октябрь 1, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябри соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Мэтю Гартнер баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи баланд бурдани дурнамои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод хабар доданд.

Завқӣ Завқизода ба Мэтю Гартнер доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар ҳашт моҳи соли 2024 маълумот пешниҳод намуда, гуфт, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2024, новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барномаву стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

Иброз гардид, ки бо назардошти таъмини суръати рушди иқтисоди мамлакат дар ҳашт моҳи соли 2024 дурнамои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025  бозбинӣ ва баланд карда мешавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 1, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид