«БИШНИД ҶАҲОН ЗАБОНИ ТОҶИКИРО…». Эҳдо ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва ҳомии он- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои мо, мардуми Тоҷикистон имрӯз мафҳумҳои Президент, Пешвои миллат на танҳо маънои сарвару роҳбари давлатро доранд, балки бо ҳукми замону тақдир ин вожаҳо маъниҳои хеле фарогиртар ва тақдирсоз гирифтаанд. Аз ҷумла, имрӯз мо вақте Пешвои миллат мегӯем, мафҳумҳои тақдирсозеро барои миллатамон, ба мисли истиқлол ва ваҳдати миллӣ дар назар дорем. Дар баробари ба забон овардани ин вожаҳо пешорӯи мо эҳёи сарзамини куҳанбунёдамон падид меояд. Ин вожаҳо имрӯз мафҳумҳое, ба мисли ваҳдати миллӣ, ягонагии миллӣ, шукуфоиву созандагӣ, эҳёи муқаддасоти миллӣ ва ормонҳои бузургу ҳазоронсолаи халқу Ватанро доранд.
«Бо як сухан ин вожаҳо имрӯз симои дурахшони наҷотбахши халқу миллатамонро пеши назар меоваранд. Яъне, симои Пешвои миллати мо, шахсияти боризи ӯ тавъам бо симои халқамон, тавъам бо симои ҳама фарзандони ҷоннисори он, тавъам бо ҳадафҳои бузург ва сиришти баланди ватандӯстона бадоҳатан ва ба таври табиӣ дар як сиришти ягона бо номи тоҷик ва Тоҷикистон ба ҳам омадаанд»,-чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
Дар зер андешаҳои ватандӯстона ва манзумаи «Бақои Меҳан»-и шоир манзур мешаванд.
-Имрӯз мафҳумҳои тоҷик, Тоҷикистон, миллати тоҷик, Пешвои миллат, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Пайвастагии қавии ин мафҳумҳоро наметавон инкор кард. Имрӯз, вақте мо Пешвои миллат мегӯем, халқ ва Ватанамонро дар назар дорем, вақте халқ ё миллати тоҷик мегӯем, Пешвои миллатамонро дар назар дорем. Ин ҳақиқатест, ки наметавон онро нодида гирифт. Ва ҳар коре, ки Пешвои ҷоннисори миллат дар ин ҷодаи миллатсозӣ ва давлатсозӣ ватандӯстонаву садоқатмандона пеш гирифтаву халқро бо худ бурдаанд, амсоли худшиносии миллӣ, армонҳои миллӣ, ифтихори миллӣ, шинохти таъриху ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳунарҳои милливу симои миллӣ, гиромидошти забони модарии давлатӣ, гиромидошти бузургони таъриху миллат бо як баён эҳёи миллат ва сарзамини куҳанбунёди тоҷик- ҳамин андешаи ҳамрешагии шахсияти Президенти Тоҷикистон ва ин мафҳумҳоро собит мекунанд. Зеро маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ бо ҳама сиришти пур аз эҳтиросу самимияти ватандӯстона бори аввал ин вожаҳоро бо муҳаббат ба забон овардаву шиори худ ва раҳнамои миллату давлати худ гардонидаанд.
Аз ин рӯ мафҳуму таъбири Пешвои миллат чизе сохтаву бофта ё ҳосили тамаллуқҳо нест, балки падидаи табиӣ ва худододест, ки гӯиё Худованд дар ин замони тақдирсоз барои наҷоти миллати мо додааст. Ман ба ин эътимод дорам ва мехоҳам ҳама эътимод дошта бошанд, то ин эътимоду бовар неруву ягонагии миллати моро қавитар гардонад. Мо бояд ба ин ягонагӣ чун ба ҳузури неруе худодод ва чун ба кафолати буданамон бовар кунем. Зеро иродаи қавии миллии як халқ бе бовар, бе ягонагӣ ва бе идеал наметавонад вуҷуд дошта бошад.
Банда дар манзума-қасидаи «Бақои миллат» самимона кӯшидаам хуҷастагиҳои ин симои таърихӣ ва хизматҳои шоёнашонро дақиқан ба қалам диҳам, то Тоҷикистони мо ҳамеша соҳиби раҳнамое чунин хирадманд ва наҷотбахши миллату Меҳан бошад. То садоқат ва муҳаббат ба Ватани ягонаамон кафили пойдорӣ ва хушбахтии халқи некманишамон бошад, то Тоҷикистони пас аз ҳазорсолаҳо аз маҳбаси таърих раҳоёфтаи мо ҳамеша бо халқи некманишу хайрхоҳу башардӯсташ озоду сарбаланд монад.
Ба андешаи ман, ин ягонагӣ ва ин озодӣ волотар аз ҳама чизҳо, аз ҷумла ҳадафҳои шахсии ҳар нафари мо ва ё гурӯҳҳо аст. Онро чун дастоварди беҳамтову нодири таърихӣ набояд аз даст дод, балки бояд қавитару пойдортар гардонд. Сабақҳои таърих ба халқи ҷабрдидаи мо ҳамин андеша ва ҳамин амрро талқин мекунанд. Ва наҷоти миллати мо дар ин замони ноустувори низоъҳои байналмилалӣ, душманиву куштор, маҳви бемулоҳизаву бераҳмонаи ҳамдигарии халқҳо, ҳатто ҷангҳои бародаркуш танҳо дар ҳамин ягонагии ногусастании халқамон маҳфуз аст.
Ҳадафи банда низ аз навиштани ин суханҳо ва манзумаи зер танҳо ҳамин аст- расидан ба қадри озодии миллӣ, пойдорӣ ва ягонагии устувору бегазанди миллатамон дар пешорӯи таърих ва ошӯбҳои замон.
БАҚОИ МИЛЛАТ
Бигзашт зи баҳри худ барои Меҳан,
Дар роҳи садоқату вафои Меҳан.
Ӯ гуфт: Ватан! Халқ “Ватан!” бо ӯ гуфт,
Омад зи ҳама гӯша нидои “Меҳан! “
Рӯзе, ки Ватан зи захми носур бисӯхт,
Аз шираи ҷон ёфт давои Меҳан.
Аз баҳри дилу сару зи ҷонаш бигузашт,
Афрохта қад ба сахраҳои Меҳан.
Бар тиру камони душманон гашт сипар
Ишқи Ватану руҳи ниёи Меҳан.
Дар ҷумлаи ҷабҳаҳо нигаҳбонаш буд
Тӯмори муҳаббату вафои Меҳан.
Аз домани ақлу хиради пирон дошт,
То шуд дасташ дасти раҳои Меҳан.
Бо хоки муқаддасу ба шири модар
Савганд ниҳод дар дифои Меҳан.
То дод садо забони тоҷикии мо
Бар рӯи ҷаҳон зи қуллаҳои Меҳан.
Бишнид ҷаҳон забони тоҷикиро
Бо накҳати покии ҳавои Меҳан.
Аз минбари волои ҷаҳон дод садо
Ин лафзи биҳиштии бақои Меҳан.
Он лаҳза ҷаҳон шунид тоҷикиро
Бо шеваи поки раҳнамои Меҳан.
Бо файзи дуои модарону пирон
Бар фатҳ расид раҳкушои Меҳан.
Аз умқи дили ватанпарасташ рӯ зад
Гулгашту биҳишти дилрабои Меҳан.
Роғун худи ӯст, нури Роғун худи ӯст,
Хуршеди вуҷуди ӯ зиёи Меҳан.
Ҷуз халқ ба ҳеҷ кас накард ӯ бовар,
Халқ аст худаш гираҳкушои Меҳан.
Он гаҳ, ки ҳама муқобили Роғун буд,
Ӯ гуфт, бихезед барои Меҳан.
Аз соруҷи ҷони хештан месозем
Нангу шарафи мост бақои Меҳан.
Мардона нишаст бар сари булдозер,
Чун бар сари рахши бодпои Меҳан.
Дар ҷанги тани ба тан ҳама олам дид
Мардиву шуҷоату намои Меҳан.
Он гуна, ки Рустамест бар Деви сапед
Пирӯзу сарафрозу шуҷои Меҳан.
Ӯ дар кафи даст дил чу Данко бигирифт,
Аз меҳри Ватан ёфт шуои Меҳан.
Аз лутфу сахову ҳиммати ӯ гардид
Шоҳи ватани хеш гадои Меҳан.
Ин гуна касе ҳаст, ки кардаст нисор
Худро ҳама ҷисму ҷон барои Меҳан.
Дидӣ, ки чӣ бедареғ мардона бирехт
Ҳар пораи хешро ба пойи Меҳан!?
Санги дили кӯҳро ба нохунҳо канд,
То васл бигардад ману мои Меҳан.
Ӯ буд Сиёвуше, ки покиза гузашт,
Аз оташи ҷаҳл дар дифои Меҳан.
Ӯ худ Меҳргону Садаву Наврӯз аст,
Эҳёи сиришти бебаҳои Меҳан.
Симои ягонагии миллат дар ӯст,
Ӯ Ваҳдати миллист барои Меҳан.
Ӯ Парчами мо, Нишони пояндаи мост,
Пирӯзии мост дар фазои Меҳан.
Бо худ бубарад паёми неки моро,
Чун оби зулоли босафои Меҳан.
Гул кард ҳама санъату фарҳангу ҳунар,
Аз юмни муҳаббаташ. Салои Меҳан!
Фаҳанги гузаштагони мо ёфт наҷот,
Бо ор бихест Ориёи Меҳан.
То ҷамъ шаванд тоҷикони дунё,
Бархост чу қомати расои Меҳан.
Ҳар ҷо ҳунаре буд, зи нав зинда бигашт,
Шуд илму ҳунар гираҳкушои Меҳан.
Бигрифт замин ҷони наву ҳосил дод,
Сарсабз ҳама дашту чарои* Меҳан.
Сад боғу гулистону баҳористон шуд,
Аз ҳиммати ӯ ба гӯшаҳои Меҳан.
Дар ёди кӣ буд рушди мактаб ин сон,
Ин арҷи муаллим, ин даҳои* Меҳан.
Сад кохи ҳунар, ҳазорҳо мактаби нав
Дармонгаҳи халқи ҷонфизои Меҳан.
Рушди ҳама соҳаҳо ҳувайдост, бубин,
Эҳёи навини дилрабои Меҳан.
Ҷуз ишқу силоҳи сулҳ дар даст надошт,
Ин Рустами ҷонбакаф барои Меҳан.
Худ ҳайкали ӯст Маҷмаи Истиқлол,
Тандеси сиришти хушнамои Меҳан.
Тандеси ҳазорсолаи миллатро,
Бардошт ба рамз дар ҳавои Меҳан.
Бо соруҷи меҳр Кохи миллатро сохт,
Чун рамзи бақои худ, бақои Меҳан.
Аз завқи сиришти ӯст Кохи Наврӯз,
Ҳар кохи дигар ба гӯшаҳои Меҳан.
Ин хоки куҳанбун чӣ самаровар шуд,
Обод бигашт ҳар куҷои Меҳан.
Ин мулки зи ҳамдигар ҷудоро пайваст,
Мову ту шудем ноҷудои Меҳан.
Ҳар нақб, ки моро ба худи мо пайваст,
То шуд ҳама халқ ақрабои Меҳан.
Ҷамшеди наве расид бо файзу футӯҳ
Бархест пайи бахту бақои Меҳан.
Ҳаққо, ки Куруши сонии мо гардид,
Бо хайри назар ба ҷодаҳои Меҳан.
Сомонии нав ба даври бесомонӣ
Сомон овард аз барои Меҳан.
Пайванди миёни тоҷикони дунё
Шуд пайкари нанги Раҳнамои Меҳан.
Бо ҷаҳди бузург Ориёнро ҷо дод,
Дар як дили хурди Ориёи Меҳан
Амнияту сулҳро чу подор намуд
Дунё ҳама гашт ҳамнавои Меҳан.
Он гуна муҳаббати Ватанро ангехт,
Дар пайкари мову ту барои Меҳан.
Ҳар субҳи сафо барои Меҳан хезем,
Ҳар саҷдаи мост аз барои Меҳан.
Он нобиғагон, ки ӯ фурӯғи нав дод,
Доранд ба каф ҳама дуои Меҳан.
Дар ҳифзи диёр қаҳрамонофар ӯст,
Аз ӯст ҳама нуру зиёи Меҳан.
Тандеси тамоми қаҳрамонҳоро ӯ
Бардошт чу пайки қуллаҳои Меҳан.
Як зинда чу ӯ, ки ин қадар ҳиммат дошт,
Худ кам набувад зи анбиёи Меҳан.
Бо ин ҳама ҷуду родмардиву фурӯғ.
Ӯ буд ҳамеша ноҷудои Меҳан.
Ӯ ҳаст намои миллати фархунда,
Ӯ ҳаст саодати намои Меҳан.
Имрӯз ҷаҳон шинохт тоҷиконро
Бо файзи футӯҳи Пешвои Меҳан.
Дунё донист, кист тоҷик ба даҳр,
Хайр асту саховату сафои Меҳан.
Тоҷик ба як вожа бигӯям некист,
Аз миллати порс — порсои Меҳан.
Андешаи ман, бидон, на ину он аст,
Меандешам ман аз бақои Меҳан.
Эй кош, Худо нигоҳбони мо бод
Бо ин ҳама хайру бо сафои Меҳан.
Бигзор ки пораҳо ба ҳам боз оянд
Бо порсиёну порсои Меҳан.
Ман мефахрам дубора эҳё дорад
Фазлу хиради гираҳкушои Меҳан.
Бигзор, ки дар фазои поки кишвар
Парвоз кунад мурғи Ҳумои Меҳан.
Ман мефахрам, ки Тоҷикистон дорам,
Бо парчами сулҳ дар ҳавои Меҳан!
_________
*. Чарогоҳ.
*. Даҳо-ботадбирӣ.