Барои беҳтар омӯхтани забони чинӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон омӯзгорони забондон ҷалб мешаванд

Октябрь 9, 2024 18:45

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар самти табодули донишҷӯёну устодон ва кормандон бо Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ масъалаи ҷалби омӯзгорони забони чинӣ ба ин донишгоҳ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.

Муҳтавои мулоқот ба сифати таҳсили муассисаҳо равона гардида, табодули донишҷӯёну устодон ва кормандон аз масъалаҳои мубраму аввалиндараҷаи ҳамкорӣ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар рейтинг (раддабандӣ)-и муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойи аввалро соҳиб гардид.

Чунин баҳогузориро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба таваҷҷуҳе, ки довталабони Чин нисбат ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон доранд, ба инобат гирифтааст. Хабари дар ҷойи аввал қарор гирифтани донишгоҳро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сомонаи расмиаш интишор намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

Октябрь 9, 2024 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд