Бонки миллии Тоҷикистон ба «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» иҷозатнома дод

Октябрь 24, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар иваз шудани номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Аввалин бонки молиявии хурд» Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» барои фаъолияти бонкӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин тасмим мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.

Дар ин замина ба департаменти назорати бонкӣ ва департаменти низоми пардохт супориш дода шуд, ки дар Феҳристи ташкилоти қарзӣ, Феҳристи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ ва Маълумотномаи «Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилоти қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабтҳои дахлдор ворид намоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 24, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!