Бонки миллии Тоҷикистон ба «UnionPay International Co. Ltd» барои фаъолияти оператории низоми пардохт иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба «UnionPay International Co. Ltd.» барои фаъолияти оператории низоми пардохт иҷозатнома дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин тадбир мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» андешида шуд.
Дар иртибот ба ин Департаменти низоми пардохт ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ сабти дахлдор ворид намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






