Дар 7 соли охир дар шаҳри Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 2,5 маротиба зиёд гардид

Октябрь 25, 2024 11:20

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 соли охир дар шаҳри Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳисоби миёна ҳамасола 7,2-фоизӣ рушд карда, 2,5 маротиба зиёд шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 11 миллиард сомонии соли 2017 дар соли 2020 ба 15,5 миллиард ва соли 2023 ба 26,4 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Бояд таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат дар муддати кӯтоҳ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард.

Аз ҷумла, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,8 маротиба, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,7 маротиба, гардиши савдо 3 маротиба ва хизматрасониии пулакӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 25, 2024 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд