Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон маҷлиси тантанавӣ ва Форуми «STARTUPSTAN-2024» баргузор мегардад

Октябрь 11, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 12 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи «Ҳафтаи соҳибкорӣ» ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуда, соҳибкорони муваффақи мамлакат бо мукофотҳо сарфароз мегарданд. Ҳамзамон намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ташкил карда мешавад. Дар ин рӯз инчунин Форуми «Стартапстан» «STARTUPSTAN»

гузаронида мешавад, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, бонкҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, муассисаҳои олии мамлакат ва шарикони рушд иштирок менамоянд.

Таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва вусъати муколама байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин дарёфти имконияти рушди стартапҳо (лоиҳаҳои тиҷоратӣ) аз ҳадафҳои Форуми «Стартапстан» арзёбӣ мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 11, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд