Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Бадахшон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Октябрь 5, 2024 15:20

ХОРУҒ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши илмии навбатиро ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди  касбии омӯзгорон бахшиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Директори ин муассисаи илмию таълимӣ  Раҳимдод Азизбеков ҳарду  рӯйдоди таърихиро, ки зодаи истиқлол ҳастанд,  бо ҳам тавъам ва алоқаманд хонда, изҳор дошт, ки «агар забон ҳастии миллат бошад, пас омӯзгор дар ҳар давру замон нигаҳбони ҳамин ҳастӣ мебошад. Зеро маҳз омӯзгор ба инсон ҳарфи аввал, талафузи дурусти калимаву ибораҳо, сухан ёфтану сухан суфтану сухан гуфтанро ёд медиҳад. Пайи ҳам ҷашн гирифтани рӯзи забону омӯзгор дар худ рамзи ниҳоне дорад. Забон фақат василаи муошират нест, балки василаи васли наслҳо, нигоҳдорандаи расму суннат ва урфу одатҳои мухталифи миллатамон ба шумор меравад».

Гуфта шуд, ки ҳамаи онҳое, ки ба таълиму тадриси насли наврас машғул ҳастанд, бояд, пеш  аз ҳама, ба забондонию забоншиносии насли наврас аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Нагузорем, ки шогирдони мо забони ноби тоҷикиро бо калимаву ибораҳои сохтаву бофта ва алфози дурушту гӯшхарош олуда созанд. Зеро ин неъмати бебаҳо мерос аз гузаштагони оламшумули мо аст. Беэҳтиромӣ нисбат ба забон беэҳтиромӣ ба фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо ба шумор меравад.

Пас аз анҷоми ҳамоиш ба як гурӯҳ кормандони соҳаи маориф барои тарғибу ташвиқи забони давлатӣ дар корхонаву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»   

 

 

Октябрь 5, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид