Дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқии таъмини амнияти экологӣ ва кишоварзии органикӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 18, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳкими заминаҳои ҳуқуқии таъмини амнияти экологӣ ва кишоварзии органикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Рустам Латифзода иброз намуд, ки вобаста ба таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳони муосир, халалдор шудани муносибатҳои анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд мегардад.

Тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии соҳаи кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти он тавассути истифодаи ҳам технологияҳои муосир ва ҳам анъанаҳои пешина ва бо ин роҳҳо таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Ба иттилои вакили Маҷлиси намояндагон, мо имрӯз бояд вобаста ба таҳдиду хатарҳои замони муосир барои ҷавобгӯ будан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат фаъолиятамонро ба рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ равона намоем.

Аз ҷумла, вобаста ба истеҳсолоти органикӣ ва истифодаи усулҳои биологӣ дар кишоварзӣ соли 2013 аз тарафи Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» кабул карда шуд, ки то имрӯз амал менамояд.

Дар ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои «Заминаи ҳуқуқии кишоварзии органикӣ ва нақши он дар таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат», «Моҳияти ратификатсияи Конвенсияи Роттердам оид ба таъмини амнияти кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Танзими истифодаи пестисидҳо дар Тоҷикистон» ва «Усулҳои биологии ҳифзи растаниҳо» маърузаҳо шунида шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд