ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияи Файзобод бо ҷавонони ватандӯсти худ ифтихор дорад
ФАЙЗОБОД, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Файзобод ҳамоиши Рӯзи даъватшаванда бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, нақшаи ҷалби даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳия дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки “хизмат ба Ватан бояд барои ҳар ҷавон мояи ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар фарзанди сазовори миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ аст. Имрӯз барои ҷавонони соҳибиродаи тоҷик ҳифзи марзу буми Тоҷикистон шарафи бузург аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии мамлакатро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии онҳо мебинанд”.
Хурсандиовар аст, ки имсол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 100 ҷавони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба хизмати ҳарбӣ равон гардиданд.
Даъватшаванда аз деҳаи Сари чашмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод Илҳом Каримов иброз намуд, ки “мо пайравони Пешвои миллат ҳастем. Ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти мардуми давлати азизамонро вазифаи муқаддас медонем ва тамоми ҳастии хешро ба ҳифзи Ватан мебахшем”.
Дар анҷоми ҳамоиш модарони наваскарон маросими кулчагазон доир намуда, зимни барномаи консертии ҳунармандон бо фарзандонашон хушҳолӣ карданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






