Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид

Октябрь 15, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 15.10.2026  /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.

Имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шудааст. Дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҷавононе, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ихтиёриро интихоб намудаанд, аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бархурдор мегарданд.

Солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд шуда, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ин нишони он аст, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз як мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Инчунин захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас менамоянд.

Хотиррасон  мешавем, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд. Он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонун якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид