Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид

Октябрь 21, 2026 14:43

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат ва пурра иҷро гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор. 

Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба Комиссариати ҳарбӣ омада, барои ҳимояи марзу буми Ватан ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.

Бояд гуфт, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 28 августи соли 2026   «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ» доир мешавад. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябри соли 2026 идома меёбад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд буда, ин талабот дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ сабт шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он  вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Дар маҷмуъ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо уҳдадории қонунӣ, балки мактаби ҷасорат, ватандӯстӣ ва обутоби ҷисмонию руҳии ҷавонон мебошад.

     АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 

 

 

 

Октябрь 21, 2026 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд